Тағйири қонун барои қудрат: Туркманистонро аз Тоҷикистон фарқ намекунанд

“МК.Ру”, дар матлаби хабарияш дар бораи тағйири Қонуни асосии Туркманистон иттилоъ дода, номи ин кишварро Тоҷикистон навиштааст.  

Ин расонаи русӣ дар бораи ворид кардани  тағйиру иловаҳо ба Конституцияи Туркманистон, ки муҷиби якумрӣ шудани муҳлати президентии Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов мегардад, хабар дода, гуфтааст, Парлумони (меҷлис) Тоҷикистон имрӯз ба тарафдории тағйир додани қонунии асосии ин кишвар райъ дод.

Ҳато дар сарлавҳаи матни ин хабар МК.ру ба ҷойи Туркманистон Тоҷикистон навиштааст.

Айни ҳол ин иштибоҳ ислоҳ нашудааст, ҳарчад, ки он аллакай дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад ва боис ба эродҳои зиёд гардидааст.

Шарҳи расмӣ ҳам дар бораи ин ки оё ин “иштибоҳи техникӣ” будааст ва ё хайр дар ин расона чоп нашудааст.   

Бино ба гуфтаи бархе аз коршиносон, иштибоҳи мазкур бо сабаби монандии тақдири қонунҳои асосии ин ду кишвар, ки барои ҳар дафъа барои дар қудрат мондан тағйир дода мешаванд, сар задааст.

Парлумони Туркманистон воқеан аз ворид кардани тағйирот ба сарқонуни ин кишвар овоз дод ва акнун талаботи қонун, ки муҳлати президентиро 5 сол муқаррар карда буд, ба 7 сол тағйир дода шуд.

Ҳамон тавре, ки собиқаи чунин тағйиротро қонунии асосии Тоҷикистон ҳам паси сар карда буд. 

Ҳамчунин бар асоси тағйироти ахир маҳдудиятҳои синнусолӣ, ки нафарони 70-сола имкони президент буданро дар Туркманистон намедод, бартараф карда шуд.

Ҳарчанд Қурбонгулӣ Бердумуҳаммедов ҳануз 59 сол дорад, ин тағйиротро дар расонаҳо ба маънои талоши ӯ барои як умр боқӣ мондан дар курсии роҳбари давлат қаламдод карданд. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?