Тағйироти нави кадрӣ: Роҳбарони Хоруғ ва Ашт ба нафақа рафтанд

Раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Ашт аз мақомҳояшон барканор шуданд.

Дафтари матбуоти Президент хабар дод, ки фармони Президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи барканории ин роҳбарон 8-уми ноябр тасвиб шудааст.

Манбаъ мегӯяд, Алибердиева Қиматгул Худобердиевна бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи раиси шаҳри Хоруғ озод ва Маҳтобшозода Арамбегим Бозор иҷрокунандаи ин вазифа таъин гардид.

Ҳамчунин Азизи Азимбой бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд озод шуд. Вазифаи ҷаноби Азизиро минбаъд Мирдадо Зариф идома хоҳад дод.

Тибқи Фармони дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Машрабзода Ҳамидулло Маҳмадулло — муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардида, фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.

Ҳамчунин бо Амрҳои Президент, Пайшанбезода Муҳиддин Шоҳинбод — мушовири бахши Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Азимзода Алимардон Шоимардон — муовини Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президент таъин карда шуданд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?