Тахтаи сиёҳ: “Диссернет” нахустин “рисолатарош”-и тоҷикро фош кард

 “Диссернет” нахустин “рисолатарош”-и тоҷикро фош кард

Пойгоҳи ҷамъиятӣ Розиқов Воҳид Абдуқаҳоровичро  “рисолатарош” дониста, “изи” ӯро дар ҳафт рисолаи асардуздон ташхис додааст.

 “Диссернет”, ки асоси фаъолияташро ташхиси  рисола ва корҳои илмӣ ташкил медиҳад, дар тӯли як моҳи охир то 30 олими тоҷикро дар асардуздӣ мутаҳҳам кард. Аз натиҷаҳои ташхиси ин пойгоҳ бармеояд, ки роҳбари илмӣ ва муқарризи аксари рисолаҳои ин “олимон” – ро афроди муайян бар дӯш доштаанд.

Номҳои профессори илмҳои иқтисод Розиқов Воҳид Абдуқаҳҳорович ва профессор Уроқов Дӯстмурод  дар якчанд рисолаҳои илмии ташхисшуда чун роҳбарони илмӣ ва муқарриз дарҷ гардидаанд.
Ба ин торҳо нохун занед, то худ мутмаин шавед: 
http://wiki.dissernet.org/wsave/ShojmardonovSK2012.html

http://wiki.dissernet.org/wsave/AlimadovSH2010.html

http://wiki.dissernet.org/wsave/RahimovIP2002.html

http://wiki.dissernet.org/wsave/HakimovAA2004.html

http://wiki.dissernet.org/wsave/SaidovDSh2010.html

http://wiki.dissernet.org/wsave/NazarovAG2012.html

http://wiki.dissernet.org/wsave/OjevNA2011.html

Масалан, профессор Воҳид Розиқов дар кори илмии Раҳимов Иноят Парпиевич, ки соли 2002 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ҳимоя шудааст, вазифаи роҳбари илмиро бар ӯҳда доштааст.

Рисолаи мазкур дар мавзӯи “СОСТОЯНИЕ И РАЗВИТИЕ ПРОМЫШЛЕННОСТИ В УСЛОВИЯХ ПЕРЕХОДА К РЫНКУ : НА ПРИМЕРЕ СОГДИЙСКОЙ ОБЛАСТИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН" (Ҳолат ва ташаккули саноат дар шароити марбут ба бозор: Дар мисоли вилояти Суғди ҶТ) навишта шудааст. Пойгоҳи ҷамъиятӣ муайян кардааст, ки беш аз 40 фисад ё худ 60 саҳифаи кори илмии Раҳимов Иноят аз рисолаи профессор Раҳимов Шариф Махсумович (собиқ раиси БМТ ва Вазири рушди иқтисод) бо унвони “Возрождение и развитие промышленности Таджикистана в переходный период”( Эҳё ва рушди саноати Тоҷикистон дар давраи гузариш), ки соли ҳимояаш 2001 дониста мешавад, дуздида шудааст.

Инчунин дар зери роҳбарии профессор Воҳид Розиқов соли 2004 рисолаи илмии раиси Фонди суғурта барои нигоҳдории инфиродии ҶТ Ҳакимов Абдувосе Абдураҳмонович, бо номи "ЭКОНОМИЧЕСКИЕ РЫЧАГИ И СТИМУЛЫ РАЗВИТИЯ ПРОМЫШЛЕННОСТИ ТАДЖИКИСТАНА ("Дараҷаи рушди иқтисодӣ ва саноатӣ дар Тоҷикистон) дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳимоя гардидааст. Муқарризони ин кори илмӣ Ҷӯрабоев Г. ва Бобоҷонов Р. дониста мешаванд. Мувофиқи ташхиси “Диссернет” дар 116 саҳифаи рисолаи зикршуда низ дуздӣ ошкор карда шудааст, ки 46 саҳифаи онро унвонҷӯ аз рисолаи профессор Раҳимов Шариф Махсумович бо унвони “Возрождение и развитие промышленности Таджикистана в переходный период”( Эҳё ва рушди саноати Тоҷикистон дар давраи гузариш) рӯбардор кардаву саҳафоти боқимондаро аз кори илмии Уроқова Кибриё Дӯстмуродовна (ба гумони ғолиб духтари  Дӯстмурод Уроқов мебошад) бо номи  "Рушди устувори саноати Тоҷикистон дар асоси муносибатҳои молиявӣ ва кредитӣ" дуздидааст. Ҷаноби Розиқов чун “рисолатарош” инчунин роҳбарии рисолаи Алимадов Саъдулло Хайруллоевичро бо номи "РЕФОРМИРОВАНИЕ НАЛОГОВОЙ СИСТЕМЫ И УКРЕПЛЕНИЕ ЭКОНОМИЧЕСКОЙ БЕЗОПАСНОСТИ : НА ПРИМЕРЕ ПРОМЫШЛЕННОСТИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"(Такмили низоми андозбандӣ ва таҳкими амнияти иқтисодӣ: дар намунаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба дӯш гирифта, ки зимни ташхиси пойгоҳи ҷамъиятӣ аз 167 саҳифа 100  саҳифаи он аз дигар сарчашмаҳои зерин дуздӣ карда шудаанд: “Бахроми, Толибджон Тохирджанович; Концептуальные основы обеспечения экономической безопасности Республики Таджикистан (Диссертация, 30 апреля 2010)

Хакимов, Абдувосе Абдурахмонович; Экономические рычаги и стимулы развития промышленности Таджикистана (Диссертация 2004)

Саидов, Давлатали Шомахмадович; Инвестирование промышленности и укрепление экономической безопасности Республики Таджикистан (Диссертация, 12 ноября 2010)

Кадыров, Шавкат Абдугаффорович; Роль банковской системы в повышении экономической безопасности Таджикистана (Диссертация 2009)”.

Муқарризони рисолаи мазкур Уроқов Дӯстмурод ва Шомуродов Фазлиддин мебошанд. Агар ҷаноби Уроқов Дӯстмурод дар ин рисола чун муқарриз нақш дошта бошад, дар рисолаҳои дигар ҷойи худро бо профессор Розиқов Воҳид иваз карда, масъулияти роҳбариро ба зимма гирифтааст.

Ҳамчунин рисолаҳои Назаров Аслӣ Гулмуродович бо унвони

"МЕХАНИЗМ УПРАВЛЕНИЯ ИНВЕСТИЦИОННЫМИ РИСКАМИ В ЭНЕРГЕТИКЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"(Механизми идоракунии сармоягузори дар соҳаи энергетика дар ҶТ) ва Саидов Давлаталӣ Шомаҳмадович бо номи "ИНВЕСТИРОВАНИЕ ПРОМЫШЛЕННОСТИ И УКРЕПЛЕНИЕЭКОНОМИЧЕСКОЙ БЕЗОПАСНОСТИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН”(Сармоягузории саноатӣ ва  таҳкими амнияти иқтисодӣ дар ҶТ) зери роҳбарии профессор Воҳид Розиқов ҳимоя гардида, ки тибқи ташхиси пойгоҳи ҷамъиятии “Диссернет” дар ин корҳои илмӣ низ асардуздӣ ба назар мерасад.

 Ҳамин тавр, зимни пажӯҳиш дар сомонаи пойгоҳи ҷамъиятии “Диссернет” мушоҳида кардем, ки профессори илмҳои иқтисод Розиқов Воҳид Абдуқаҳҳорович чун “рисолатарош” дар 7 рисолаи дуздидашуда “саҳм”и худро гузоштааст.

 Аз ин метавон чунин хулоса намуд, ки ҷаноби Розиқов дар соҳаи илм “дӯкони рисолафурӯшӣ” таъсис дода, то ҷое муваффақ низ шудааст. 16 сол боз “дӯкони рисолафурӯшӣ”-и профессор Розиқов дар бозори илми тоҷик фаъолият карда, “муштариёни” зиёдеро низ ба худ ҷалб кардааст.

Бояд гуфт, ки бо ин амалаш Воҳид Розиқов ба будҷаи Тоҷикистон, ки барои унвони илмӣ ба ин нафарон садҳо ҳазор сомонӣ пардохт кардааст, зарар овардааст, ки ҷиноят маҳсуб меёбад.

Тибқи иттилоъи дарёфтӣ Розиқов Воҳид Абдуқаҳҳорович аз соли 2010 то соли 2016 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба ҳайси проректор оид ба корҳои илм фаъолият карда, баъд аз соли 2016 профессори кафедраи “Менеҷменти истеҳсолӣ” Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ ва профессори кафедраи “Филизшиносӣ” -и МИСиС дар Тоҷикистон мебошад.

Copyright @2018 TojNews

Назарҳо

Аввалан ба кор шурӯъ намудани сомонаи Тоҷ нюсро як пайки хубе медонам.Аллоҳ дар идомаи коратон муваффақу комравоятон гардонад. Умед дорам сомонаи дар оянда кашфи ҳақоиқро ба ҷомеа тақдим менамоянд ва аз ҳама вақоеъ бохабар менамоянд.
Аслан хеч имконе нест, ки сар то сари кишвар зери фасод бошаду сохаи илм на! Ин гайри имкон аст. Чи гила аз ашхоси ватанфурушу миллатфурушу вичдонфуруш? Лозим шавад илм не, зану фарзандашро мефурушад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?