Таъини сафири Тоҷикистон дар Шри-Ланка

Шералӣ Ҷононов, сафири Тоҷикистон дар Шри-Ланка таъин шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд,  Шералӣ Ҷононов бар асоси як фармони Президенти Тоҷикистон ба мақоми сафир дар Шри-Ланка таъин гардид.

Шералӣ Ҷононов ҳамакнун сафирии Тоҷикистон дар Покистон ва Шри-Ланкаро бар уҳда хоҳад дошт.

-Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷононов Шералӣ Сайдамирович ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка таъин карда шавад,-омадааст дар фармони Президент.

Шералӣ Ҷононов 45-сол дошта, аз моҳи январи соли 2013 ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Покистон фаъолият дорад. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?