Тақаллубкории бонувони соҳибкор дар ВМКБ

Дар Вилояти Бадахшон  ҳолатҳои истифодаи  ғайримақсадноки маблағҳои грантӣ ба қайд гирифта шудааст. Масъулин мегӯянд, соҳибкорзанони маҳаллӣ  то 40 ҳазор сомонӣ бо ваъдаи бунёди боғ ва рушди соҳаи чорводорӣ  гирифтаанд, аммо ягон иқдом накардаанд.

Бино ба иттило Сафарбек  Қурбонбеков, муовини сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят, “давоми  7 соли охир 35 бонуи  соҳибкори вилоят аз тарафи Кумитаи кор бо занон ва оила  бештар аз 900 ҳазор сомонӣ маблағ гирифтаанд ,  аммо  на ҳама маблағҳои  грантӣ  мувофиқи  барномаҳои  пешниҳодгардида  истифода  шудаанд.”

 Аз ҷумла соҳибкорони ноҳияи  Ванҷ Олифта Хусравова ва Муҳтарам Ҷӯраева ҳар кадом барои ташкили соҳаи боғдорӣ 40 ҳазор сомонӣ, Бибиҷон Абдолова барои таъсиси сехи  дӯзандагӣ 10 ҳазор сомонӣ ва Барно Суҳбатова барои парвариши чорвои майда 40 ҳазор сомонӣ гирифта, дар доираи барномаҳо ягон корро ба иҷро нарасонданд.

Чунин  ҳолат дар ноҳияҳои Дарвоз, Шуғнон ва Роштқалъа низ ҷой доранд. Сафарбек  Қурбонбеков,  гуфтааст, ки барои  пешгирии ҳолатҳое, ки монеи  рушди  соҳибкорӣ дар вилоят мегарданд, Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят дар ҳамдастӣ бо шуъбаи кор бо занон ва оила ва дигар сохторҳои марбута кӯшиш доранд, ки  минбаъд д ар қабул ва пешниҳоди лоиҳаҳои бизнес - нақшаҳо барои дастгирии молиявӣ аз ҷониби муассисаи “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” ва Кумитаи  кор  бо  занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ зарурият ва имкониятҳои реалии амалигардонии лоиҳаҳо ба инобат гирифта шуда, раванди иҷрои барномаҳо таҳти назорати қатъӣ қарор гирад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?