"Тақдири ҳизби авлодӣ..." - Сармақолаи "Нигоҳ"

Дар як соли гузашта ҳизби мамнуъ эълон шудаи наҳзати исломии Тоҷикистон чӣ аз сар гузаронду онро чӣ ояндае интизор аст?

Баста шудани ҲНИТ бо гузашти як сол ҳам мавзӯъи доғ боқӣ мемонад. Балки рӯз аз рӯз доғтар мешавад. Ҳатто дар баландтарин сатҳ аз “ёд кардан”-и ҲНИТ даст намебардоранд ва ҳар дафъа ин “ёдкунӣ” эҳсосотитар мешавад.

Ба гумони ғолиб, ҳкумат ҳисоб зада буд бо бастани ҲНИТ аз қавитарин мухолифаш халос мешавад ва мардум ҳам ба зудӣ ин ҳизбро фаромӯш хоҳад кард. Зоҳиран стратегҳои ҳукумат умед аз ВАО доштанд. Яке аз сабабҳои инҳисорӣ кардани маълумот ва фишор болои расонаҳои мустақил ҳам ҳамин буд.

Иттилои сиёсӣ инҳисорӣ нашуд

 Мисли ҳамон қавли машҳури Ҳеббелс, ки гуфта буд “ба ман васоити ахбори оммаро диҳед ва ман аз дилхоҳ мардум тӯдаи хукҳо месозам”.

Яъне ба ин умед буданд, ки тарғиботи зиддинаҳзатии ВАО-и инҳисоришуда ба зудӣ нигоҳи мардумро ба он тағйир хоҳад дод. Вале мисли ҳамеша як тарафи масъаларо диданду тарафи дигарашро фаромӯш карданд: замоне, ки Ҳеббелс ин ҳарфҳоро зада буд, инҳисорӣ кардани ВАО дар дохили як кишвар аз тарафи режими ҳукмрон кори бисёр сода буд. Аммо дар асри техноложӣ ин кор на танҳо имкон надорад, балки кӯшиши он, ҳатто дар сурати доштани тими қавии журналистону назарияпардозон ба шикаст дар ҷанги иттилоотӣ мувоҷеҳ мешавад. Дар ҳоле, ки ҳукумати Тоҷикистон як чунин тимро надорад. Бо таъинкунандаи муҳити иттилоотӣ шудани расонаҳои шабакавӣ ва Интернет, ҳадди аққал барои қишри фаъолтарини ҷомеа, иттилои сиёсиву хабаррасонӣ инҳисорӣ нашуд, ки ба манфиати ҲНИТ аст.

Ҷавоншавии иҷборӣ

Албатта, бо ҳабси чанд узви аршади ин ҳизб, ҳукумат зарбаи ҷонкоҳ ва ҷуброннопазире ба ҲНИТ ворид кард, вале хидмате ҳам барои он анҷом дод, ки аз зарбаи задааш бамаротиб бузургтар аст. Ҳар касе диққат кардааст медонад, ки синни миёнаи аъзои раёсати ҲНИТ сол аз сол болотар мерафт, ва шумори аъзои раёсат ҳам дар ҳар интихоботи дохилиҳизбӣ меафзуд.

 Аз як тараф ба хотири наранҷонидани аъзои куҳансолу хидматкардаи он, аз тарафи дигар барои воридкунии ҷавонон, яъне рӯҳу хуни тоза,  ҲНИТ маҷбур буд ҳар дафъа шумори аъзои Раёсати олияшро афзоиш диҳад. Вале ҳарчанд хуни тоза ворид мешуд, бинобар ночиз буданаш, таъсири камтаре дошт. Сабаби сол то сол муҳофизакортар шудани Раёсати оливу афзудани шумори мухолифони сиёсати сабр байни аъзои қаторӣ ҳам ҳамин буд. Ин раванд дар сурати идома пайдо карданаш, метавонист боиси ба ду қисм тақсим шудани ҲНИТ ё ҳадди ақал як инқилоби дохилиҳизбӣ гардад.

Пешгирӣ аз порашавӣ

Баъдан ҲНИТ ба он ҳаде, ки ҳукумат гумон мекард, қавӣ набуд. Ҳарчанд ба ҳаде, ки мунтақидонаш мӯътақид буданд, заъиф ҳам набуд. Ҳамеша дар мавқеъи дифоъ қарор доштан, интихоботҳо, мубориза барои ҳифзи арзишҳои исломӣ ва ғайра ба ҲНИТ имкон намедод аз лиҳози кадрӣ қавитар шавад. Бештари қувваи ҳизб барои дифоъ аз худаш масраф мешуд. Ҳатто барномарезиҳо ва инсиҷоми дохилии ҳизбӣ, ҳарчанд аз дигар ҳизбҳо дар кишвар хеле қавитар буд, дар муқоиса бо ҳизбҳои муваффақи исломии кишварҳои дигар хеле заъиф ва қобили шикаст буд.  Ихтилофи дохилӣ ҳам вуҷуд дошт, ки идораи дурусти он аз тарафи ҳукумат метавонист зарбаи шадиде ба баданаи ҳизб шавад.

  Аммо ҳукумат бо бастани ҲНИТ на танҳо пеши роҳи ҷудошавӣ ё инқилоби дохилиҳизбиро гирифт, балки сабаб шуд хуни ин ҳизб пурра нав шавад. Чун ин ҳизб маҷбур ба ҳиҷрат шуд ва мӯйсафедони собиқадор ё аслан ҳиҷрат накарданд ва ё агар ҳиҷрат ҳам карданд, тавони кор кардан дар хориҷро надоранд.

Дар ин ҳол ҲНИТ хоҳ нохоҳ маҷбур мешавад идораашро пурра ба дасти ҷавонон биспорад ва ба назар мерасад супоридааст ҳам. Албатта таҷрибаи кӯҳансолону собиқадорон ганҷи бебаҳоест, ки ёфтанаш бо ҳеҷ пуле муяссар намешавад, вале дар ҳоли имрӯзи ҲНИТ он таҷриба тақрибан ба кор намеояд.

 Чун таҷрибаи онҳо дар дохил ва муборизаҳои дохилидавлатӣ касб шудааст ва вақте ҳизб маҷбур шудааст, ки сиёсати хориҷӣ ва зарурати якбора боқӣ мондан дар чанд кишвар, ҳатто қитъаро бо сиёсати гуногун ва бештар мухолиф дошта бошад, таҷрибаи собиқадорон мисли таҷрибаи ронандаи мошини сабукрав аст, ки барои идораи ҳавопаймо истифода шавад.

 Дар ин шароит, барои пешбурди кори ҳизб ва шиносонидану қабулонидани он ба кишварҳое, ки онҷо аъзояш мустақар шудаанд, Наҳзат ниёз ба ҷавонони дарсхонда, дипломат, забондон ва пурэнерҷӣ дорад. Ва аз ин ҷавонон бо фаъолият дар хориҷ, дар айни ҳол чанд кишвари дунё, гурӯҳи сиёсатмадороне пайдо хоҳад шуд, ки ҳукуматҳо барои тайёр карданашон миллионҳо доллар масраф мекунанд.

Ҳизби авлодӣ

 Инчунин бо ҳиҷрати хонаводагии аъзои ҳизб, ҳазорҳо ҷавон дар макотиби кишварҳои мухталифи олам дарс хоҳанд хонд, ки бо баргаштан ба ватан тими қавие хоҳанд буд.  Чун наҳзатӣ будан, аз он хотир, ки ин ҳаракат як ҳаракати исломист, то замоне, ки ин ҳизб боқӣ монад, авлодӣ хоҳад буд. Ва яке аз сабабҳои бо шиддат афзоиш ёфтани аъзои ҲНИТ дар кишвар ҳам ҳамин буд, ки фарзанди наҳзатӣ 90 дарсад наҳзатӣ мешуд.

 Замони дар дохил будан, агар ҳизб мехост кадрҳояшро дар хориҷ таҳсил бидиҳад, бояд барои ҳар нафараш даҳҳо, ҳатто садҳо ҳазор доллар масраф мекард, ки як ҳизб дар кишваре чун Тоҷикистон ин қадар қудрат надорад. Вале ҳиҷрати маҷбурӣ ин имконро фароҳам кардааст, ки ҳазорҳо кадри ояндаи ин ҳизб бидуни сарфи маблағе аз ҳисоби худи Наҳзат, дар макотиби чанд кишвари дунё дарс хонанд. Доштани ҳазорҳо аъзои таҳсилдида дар хориҷ ва донандаи чанд забон бо нишондиҳандаи IQ-и афзоянда дар ҳоле, ки сар аз замони истиқлол ҳадди миёнаи IQ-и мансабдорони давлатӣ бо шиддат поин меравад, ин ҳизбро бе рақиб хоҳад гузошт.

 Албатта то он замон имкон дорад аз ҳисоби зиёиёни ҳиҷраткардаистода як ҳизби дигари бештар дунявие ба вуҷуд биёяд, ки дар оянда тавонад бо Наҳзат рақобат кунад, вале инҷо ҳам чанд мушкил вуҷуд дорад, ки зикраш матлабро ба дарозо мекашад ва моро аз мавзӯъ хориҷ мекунад.

Даъвои ҷаҳонишавӣ

 Баъдан, Наҳзат агар замони дар кишвар буданаш як ҳизби тоҷикистонӣ, ё ҳади аксар минтақаӣ буд, бо ҳиҷраташ ҷаҳонӣ шуд.

 Фаъолияташ дар дохил ба ин ҳизб имкони камтаре барои гаштҳои хориҷӣ медод ва робитааш ҳатто бо ҳизбҳои исломие чун “Ихвонулмуслимин”-и Мисру “Адолат ва тараққиёт”-и Туркия хеле ночиз буд. Вале бо ҳиҷрат ва тарки фаъолияти дохилӣ, имкон ва зарурати барқарории робита на танҳо бо ҳизбҳои исломӣ, балки бо ҳукуматҳову созмонҳои байналмилал пайдо кард ва ба назар мерасад аз ин шонсаш дорад истифода мекунад.

 Ҳукумат метавонист ҲНИТ-ро дар дохил нигоҳ дорад ва кам-кам аз будани як “ҳаракати исломии ифротӣ” дар дохил, ҷомеъаи ҷаҳониро тарсонад. Вале бо рондани Наҳзат аз кишвар, ба ин ҳизб шонси хубе барои муаррифии худаш ва собит сохтани як ҳизби мӯътадилу демокросигаро буданаш дод. Аз тарафи дигар шинохти наҳзат аз тарафи Ғарб ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ ин масъаларо ҳам барояшон пеш хоҳад овард, ки дар сурати тавлиди хушунат дар минтақа, (ки имконаш хеле зиёд аст, вале он мавзӯъи баҳси дигарест) будани ҳизби исломии мӯътадилеро ҳам ба назар бигиранд.

 Барои ҳукумати кишвар бамаротиб осонтар буд, ки ҲНИТ-ро бо ду-се вакили парлумонияш дар дохил нигоҳ медошт. Албатта бо назардошти афзоиши қудрати ин ҳизб ва нуфузаш байни мардум, лозим меомад, ки шумори  вакилони он дар парлумон ва маҷлисҳои маҳаллиро дар ҳар интихоботе афзоиш диҳанд, вале ин кор бегумон умри ҳукуматро тӯлонитар мекард. То аз 40 дарсад гузаштани шумори вакилони ҲНИТ дар парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, таҳдид аз тарафи ин ҳизб ба ҳукумати Раҳмон хеле камтар аз он мебуд, ки алъон ҳаст, аммо ба ин 40 дарсад расониданро ҳукумат метавонист солҳо тӯл бидиҳад. Доштани рақибе чунин собиру мулоҳизакор орзуи ҳар ҳукуматест, вале ҳукумати кишвар ин шонсро нодида гирифт.

Чаро бо ғоя мубориза кардан салоҳ нест?

 ҲНИТ-ро ҳукумат чун як гурӯҳ қабул карда буд, бино бар ин роҳи мубориза бо зӯрро пеш гирифт. Аммо Наҳзат бештар як идея буд (аст), ки гурӯҳ. Ва бо идея намешавад бо зӯр мубориза бурд. Ва аз байн бурдани идея ҳам аслан имкон надорад. Онро танҳо тазъиф мешавад кард. Барои тазъифи идея бояд идеяе ҷолибтар дар муқобилаш гузорӣ. Танҳо бо ҳамин роҳ метавонистанд ҲНИТ-ро тазъиф кунанду нагузоранд, ки ба таҳдид ба ҳукумат табдил шавад. Албатта чунин кӯшишҳое буданд, вале хеле примитивӣ ва ғайрикасбӣ.

 Замоне ҲНИТ дар дохил буд, гурӯҳҳои исломие буданд, ки аслан қабулаш надоштанд ва ҳатто кофираш мехонданду ҳамкорӣ бо ҳукуматро аз ҳамкорӣ бо ҲНИТ авлотар медонистанд, вале бо хурӯҷи ҲНИТ аз кишвар аксари ин гурӯҳҳо назарашонро тағйир доданд. 

Аз тарафи дигар, дар кишваре чун Тоҷикистон фишор болои эътиқоди динии мардум, аз ҷумла манъи ҳизбҳои исломӣ, на танҳо наметавонад ба қудрати ҳукумат бияфзояд, балки боиси дар тарафи дигари сангар қарор додани мардум мешавад.

Чун камтар мардуме дар ҷаҳон пайдо мешаванд, ки мисли тоҷикон бастагӣ бо динашон дошта бошанд. Ҳатто дар кишварҳое мисли Туркияву Мисру Тунис, ки ҳизби исломӣ дар интихобот беш аз 50 дарсад раъй ба даст меорад, мардумаш мисли тоҷикон диндор нестанд.

 Мушкили дигари ҳукумат ин аст, ки танҳо бо Наҳзат кор нагирифтааст. Фишору таъқиб ва маҳдудкунии озодиҳои диниву сиёсиву иқтисодӣ, ҳазорҳо зиёӣ ва соҳибкорро ҳам маҷбур ба тарки ватан кунонидааст. Ин як қувваи бузургест, ки алъон парокандааст, вале дар сурати ба ҳам омаданаш, ки баъид ҳам нест, мушкили бузурге барои ҳукумат мешавад.

Омили зиёии соҳибкор

 Ба ҳам омадани ин гурӯҳ ҳам шояд замони тӯлонитаре мехост, агар ҲНИТ аз кишвар ронда намешуду дар дохил мемонд. Будани гурӯҳи мунсаҷиме чун ҲНИТ хоҳ нохоҳ ин артиши бузурги зиёиёну соҳибкоронро ба худ ҷалб хоҳад кард. Албатта байни онҳо нафароне, ки идеяҳои ҲНИТ-ро қабул надоранд, ҳатто онро сахт бад мебинанд зиёданд, вале ҳиҷрати тӯлонӣ, ёди ватану хешу ақрабо ва дар айни ҳол набудани ҳеҷ гурӯҳи мухолифи тавоное ҷузъ ҲНИТ, билахира онҳоро маҷбур хоҳад кард, ки аз ду “шар” якеро интихоб кунанд. Ва ин ки дар садри ҲНИТ як зиёии соҳибкор нишастааст, имкони ба тарафи ин ҳизб омадани  зиёиёну соҳибкорони фирориро ба маротиб бештар мекунад.

 Намедонам, мутаассифона ё на, кӯшишҳои таъсиси гурӯҳи дигари қудратманди мухолиф, чанд бор, гоҳе бо сабаби надоштани таҷрибаи сиёсӣ ва гоҳе набудани як тим ё ҳади ақал раҳбари муваффақ, ноком шудааст ва имкони шаклгирии ояндаи гурӯҳҳои дигарро заъиф кардааст. Ҳарчанд баъзе аз кишварҳо ба хотири манофеъашон, ки на ҲНИТ ва на ҳукумат дар он ҷой надоранд, мехоҳанд як гурӯҳи мухолифи қудратманде дар муқобили ҲНИТ эҷод кунанд, вале то имрӯз муваффақ нашудаанд.

 Бо вуҷуди даст ёфтани ҲНИТ ба солунҳои сиёсии ҷаҳонӣ ва ба каф гирифтани абзори фишор ба ҳукумат, мавқеъи ҷуғрофии Тоҷикистон, бахусус таъсири зиёди Русияву Чин, бозгашти ҲНИТ ба кишварро бисёр мушкил месозад. Вале бо вуҷуди пофишориҳои зиёди ҳукумати кишвар, чун террористӣ қабул нашудани ҲНИТ ҳатто аз тарафи ин ду “шарики стротегии” Тоҷикистон, ин фарзияро ҳам боқӣ мегузорад, ки онҳо ҳам Наҳзат ва таъсири онро нодида гирифтанӣ нестанд. Бахусус дар ҳоле, ки имкони роҳ ёфтани ноамниҳо дар минтақа зиёд аст, ин ду абарқудрат метавонанд барои муқобала бо гурӯҳҳои тундрав вориди гуфтугӯ бо Наҳзат шаванд.

Ифрот дар ҷанги иттилоотӣ

 Ҳаводиси охир нишон доданд, ки ҲНИТ вориди як ҷанги сахти иттилоотӣ бо ҳукумат шудааст. Вале ба назари мо, мисли сабраш дар дохил, каме ба ифрот роҳ додааст. Дар ҳоле, ки ҳукумат ба як чунин иқдомҳо бо эҳсосот вокуниш мекунад (аз қабили талоши бастани Дафтари САҲА), ин гуна фишорҳо метавонанд бар зарари кишвар ва мардум анҷом ёбанд. Фишори Ғарб ва созмонҳои байналмиллалӣ болои ҳукумат, онро ба оғӯши Русияву Чин бештар тела дода, боис мешавад дар муомила бо онҳо ҳукумат гузаштҳои бештаре кунад, ки албатта ба нафъи на ҳукумат асту на ҲНИТ ва на мардуми кишвар.

 Таҷрибаҳое дар ҷаҳон вуҷуд доранд, ки як гурӯҳ ё ҳизби табъизшуда даҳсолаҳо дар хориҷ аз ватанаш ба сар бурдааст. Вале мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки ҳаводис на танҳо дар чанд сония дар олам овоза мешаванд, балки ҳанӯз овозаашон ба гӯши ҳамсояе нарасида тағйир мекунанд.

 Дар пасманзари сиёсати тағйиркунандаи ҷаҳонӣ ҳам, ки дар чанд дақиқа ду шарики стротегӣ ба душман ва баръакс ду душман ба шарики стротегӣ табдил мешаванд, вазъи Тоҷикистон ҳам метавонад ҳар лаҳза тағйир кунад.

 Албатта сулҳ бо шакли қаблӣ матраҳ нест, вале сиёсатҳои тағйиркунанда, аз ҷумла сиёсати геополитикии қудратҳо, метавонад тавозуни қудрат дар кишвари моро ҳам зуд тағйир диҳад, ки боиси тағйири куллии вазъ шавад. Вокуниши ахири мухолифин ва хонаводаашону шоҳидону ҷомеъа ба фишорҳо ҳам аз тағйири бархӯрди онҳо ба ин абзор дарак медиҳад, ки нишонае аз тағйири вазъ буда метавонад. Вале хулоса кардан ҳанӯз бармаҳал аст. Гумон меравад, ки ду ҷониб ҳам ҳанӯз ҳарфи ниҳоии худро нагуфтаанд.

Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ

Бознашр аз "Нигоҳ"№27(509), аз 5-уми октябри соли 2016

Назарҳо

Хамин шумо, мардума ягон бе акл мехисобед? Чашмотона бикушоед. Дигар ин дуруги шумо бе кор.

Шояд шумо суол ё назаре доред?