Таҳиягари филм дар тавҳини Пайғамбар Муҳаммад (с) мусалмон шуд

Нашрияи Арабистони Саудӣ «Okaz Online» навиштааст, ки собиқ узви ҳизби ростагарои Ҳоланд, Арно Ван Доорн мусалмон шуд. То ислом овардан ва барои таҳия ва рӯйи кор омадани филми тавҳиномез дар бораи Пайғамбар (с) мусоидат карда буд. Ин нашрия навиштааст, ки чанде пеш Ван Дурн шаҳрҳои муқаддаси Макка ва Мадина-қадамҷойи Расул (с)-ро зиёрат карда буд.

Хабарнигори ин рӯзнома, ки Ван Дурнро роҳбаладӣ мекард, навиштааст, ки ҳангоми зиёрати масҷиди Расулаллоҳ (с) дар Мадина ӯ дар сари қабри Пайғамбар (с) гирист.

Ин рӯзнома суханони Ван Дурнро иқтибос меорад, ки гуфтааст: «Ман узви ҳизби радикал ва душман бар ислом будам. Баъди он ки ман вокуниши мусалмононро ба ин филм дидам, барои дарёфти ҳақиқату воқеъият талош кардам ва хостам дар бораи Ислом ҳақиқатро пайдо кунам ва ба ин суолам посух ёбам, ки сабабҳои аслии муҳаббати мусалмонон ба оини худ ва Пайғамбари худ дар чист».

Вай нақл кардааст, ки ҳизбе, ки узваш буд, дар тӯли ин солҳо ҷиноёти зиёде бар зидди Пайғамбар (с) кард ва баъдан Ван Дурн худро муаззаф кард, ки ҳақиқат дар бораи ин динро дарёбад ва иллатҳои душманӣ бо онро дарк кунад. То ин ки ба Ислом гаравад, вай ба омӯзиши ҷиддии Ислом дода шуд, ва дар Нидерландия бо мусалмонон ҳамсуҳбат шуд.  

Дар ҷараёни сафараш ба Маккаву Мадина Ван Доорн ҳамчунин ба Уҳуд рафт ва гуфт: «Ман матолиби зиёде дар бори Уҳуд ва ҷанге дар он суратгирифта хондам ва ҳоло хеле ҳолати аҷибе дорам, ки ин ҷо қарор гиритфаам. Ҳиссиётам дар бораи ин мавзеъ хеле зеботар аз он аст, ки дар борааш хондаам».

Ван Дурн ҳамчунин бо имоми масҷиди Пайғамбар (с) ҳамсуҳбат шуд, ба аввалин масҷиди мусалмонон дар Мадина-Қубо рафт. Вай ҳоло ният дорад ҳаҷҷи умра укунад ва баъдан ба Риёз равад ва бо чанд тан аз соҳибмансабон дидор кунад. 

Ван Дурн гуфтааст, ки «Худоҳофизӣ то Мадина бароям хеле ғамангез буд, вале худро бо он тасаллӣ додам, ки ба Макка меравам, то ин ки ҳаҷҷи умра ба ҷой орам. Хеле ба зудӣ ман ба ин маконҳои муқаддас дубора бармегардам».

 

Назарҳо

Аъузубиллахи минашшайтонир рачим "Май яхдхиллаху фала музилла лах, ва май юзлилху фала хазия ла" - Аллох хар касеро, ки мавриди хидоят карор дихад уро гумрохкунандае нест (ба чуз Аллох) ва агар Аллох касеро гумрох кнуад уро хидояткунандае нест (ба чуз Аллох).

Шояд шумо суол ё назаре доред?