Таҳлилгари рус: Барои ДОИШ ишғоли Туркманистон осон аст, то Тоҷикистон

Таҳлилгари Маркази омӯзишҳои Афғонистони муосир, шарқшинос ва публиститс Дмитрий Верхотуров вуруди ҷангиёни “Давлати исломӣ” аз Афғонистон ба Тоҷикистонро баъид медонад.

Ин таҳлилгар бар ин назар аст, ки агар “Давлати исломӣ” тасмим гирад вориди Осиёи Марказӣ шавад, аз марзи Туркманистон дохил мешавад. Дмитрий Вертохуров, ки ахиран бо хабаргузори ФАН суҳбат мекард, гуфт, ки Тоҷикистон артиши муназзаму нерӯманд дорад ва марзҳои он аз ҷониби СПАД тақвият карда мешавад.

Аммо Туркманистон, ки худро кишвари бетараф медонад, артиши нерӯманде надорад. Аз ин рӯ ҷангиёни ДОИШ шояд ин бахши марзи Афғонистонро барои вуруд ба Осиёи Марказӣ истифода баранд. “Ҷангиён метавонанд ба Туркманистон ворид шаванд, чун марзи он хуб ҳифозат намешавад.

Агар роҳбарони “Давлати исломӣ” ҷиддан тасмим гиранд, ки Туркманистонро ишғол мекунанд ва онро чун пойгоҳ истифода мебаранд, пас метавонанд ин корро анҷом диҳанд”,- мегӯяд ӯ. Вертохуров иброз медорад, ки ба вуруди ҷангиёни ДОИШ аз тариқи Ому ба Узбакистон шак дорад, “чун марзи ин кишвар хуб ҳифозат мешавад. Тоҷикистон низ артиши пурқудрат дорад ва боз он ҷо СПАД низ ҳаст.

Аммо Туркманистон давлати бетараф ва аз нигоҳи низомӣ заъиф низ мебошад. Ва ДОИШ Туркманистонро барои ҳамла ба Қазоқистон метавонад истифода барад ва он ба Русия хатари бузург хоҳад дошт”. Ин таҳлилгар ҳамзамон пешниҳод мекунад, ки марзи Тоҷикистон бо Афғонистон боз ҳам тақвият дода шавад.

Ҳарчанд Туркманистон узви СПАД нест, вале зарур аст барои тақвияти низомии ин кишвар ҷиддан кумак кард.

Таҳлилгари рус замоне дар бораи неруҳои марзӣ ва тавони муқовимати онҳо бо “Давлати исломӣ” ҳарф мезанад, ки Николай Бордюжа, Дабири СПАД мегуфт, бояд дар Тоҷикистон то 15 ҳазор сарбози рус мустақар шавад.

Назарҳо

ба фикрам Россия боз туркманистонро фиреб мекунад то дар ин кишвар хам пойгох дуруст кунад чунки бо хамин рох ссср ро зинда кардани ва дигар давлатхои средний азияро боз мустамлика

Шояд шумо суол ё назаре доред?