Таҳлилгари рус: дар Осиёи Марказӣ ягон ҷунбиш ба сӯйи демократияи воқеъӣ нахоҳад бурд...

Таҳлилгари рус Аркадий Дубнов мегӯяд “дар Осиёи Марказӣ ягон ҷунбиш ба сӯйи демократияи воқеъӣ нахоҳад бурд, то замоне, ки Русия ин роҳро тай мекунад”.

Аркадий Дубнов дар суҳбаташ бо САА-Netwoork интишор ёфтааст, ҳамчунин бар ин назар аст, ки танҳо тағйироти демократӣ дар Русия метавонад ин ҷамоҳирро такон диҳад, дар акси ҳол низомҳои худкома на танҳо боқӣ мемонанд, балки демократтарини онҳо амсоли Қирғизистон ба анъанаҳои қадима бармегарданд.

Таҳлилгари шинохта ҳамчунин мегӯяд, иқрор бояд шуд, ки ягон кишвари дигар, ба истиснои Чин мисли Русия ҳозир нест рушди иқтисодии ин кишварҳоро сармоягузорӣ кунад, зеро ояндаи худро бидуни онҳо тасаввур намекунад. Аммо аз сӯйи дигар омӯзиши таҷрибаҳои замони Русияи подшоҳӣ, Иттиҳоди Шӯравӣ ва гузаштаи Русия ин мамоликро водор мекунад, ки беш аз ҳар вақти дигар худро дур гиранд.

Ва онҳо меандешанд, ки ҳар қадар аз Русия худро дур гиранд, ҳамон андоза бехатаранд

Аркадий Дубнов дар бораи ҳамаи ҷамоҳи пасошӯравии Осиёи Марказӣ нуқтаи назари худро иброз медорад ва аз интригаҳои сиёсии ин кишварҳо дар солҳои аввали фурӯпошии СССР бо далелҳо ёд мекунад.

Чи дар гузашта ва чӣ имрӯз Аркадий Дубнов яке аз борикназартарин коршиносонест, ки рӯйдодҳои Осиёи Марказиро аз наздик медонад. Ҳатто мегӯяд замоне, ки Елсин розӣ шуд ба Тоҷикистон неруҳои ҳомии сулҳ ворид кунад, таваҷҷуҳи ӯ ба ин ҷамоҳи афзуд ва ҳар рӯйдодро аз наздик пайгирӣ мекард.

Таҳлилгари маъруф дар ин мусоҳиба ҷузъиёти хеле аз рӯйдодҳои Осиёи Марказиро ифшо мекунад. Аз ҷумла, дар бори Ислом Каримов мегӯяд, ки ба Горбачёв нафрат дошт ва мегуфт Михаил Сергеевич мехост ӯро аз вазифаи Котиби аввал барканор кунад.

Дубнов мегӯяд миёнаҳои солҳои 90 бо Каримов хеле зиёд вомехӯрд ва дар мулоқотҳои як ба як хеле сирру асрорро аз ӯ мешунид.Вале чун соле пеш дар як мулоқоташ бо Горбачёв аз ин гуфтаи Каримов ёд мекунад, вай бо тааҷҷуб мегӯяд: "Ман“? Шумо чиҳо мегӯед? Ман амалан ӯро аз Усмонхоҷаев, ки мехост куллан аз саҳнаи сиёсӣ дураш кунад, наҷот дода будам”.

Аркадий Дубнов дар бораи Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон низ хеле фошкориҳо мекунад. Аз ҷумла, дар мавриди сари қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон ва вазъи буҳронии Тоҷикистон дар соли 1992 ва баъдҳо.

Шояд шумо суол ё назаре доред?