Тақозои узрхоҳии Доналд Трамп дар Эрон

Оятулло Аҳмад Ҳотамӣ

Яке аз роҳбарони руҳонии Эрон Оятулло Аҳмад Ҳотамӣ аз президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трамп хост, ки барои "террорист" номидани эрониҳо узрхоҳӣ кунад.

Ахиран хабар расид, ки баъди савгандёдкунии Трамп созишномаи ядроӣ бо Теҳрон бозбинӣ хоҳад шуд. Рӯзи ҷумъа намояндаи Департаменти давлатии ИМА Марк Тонер гуфт, Вашингтон дар баробари ин созиш ҳеч уҳдадории ҳуқуқие надорад.

Ба гуфтаи Тонер, Трамп метавонад на танҳо аз иҷрои созишнома даст кашад, балки фармони Барак Обамаро дар бораи сабуксозии таҳримҳои иқтисодии Эрон бекор кунад.

Моҳи марти соли ҷорӣ Трамп дар маъракаи таблиғотии пешазинтихоботиаш Эронро дар пуштибонӣ аз терроризм ва таҳдид ба Исроил айбдор карда буд. Трамп гуфта буд, ки дар сурати пирӯзиаш зидди Теҳрон иқдом мекунад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?