Талоши генерал Шарипов барои озодии "Сарвинози одамкуш"

Сардори Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия хостори аз маҳбас раҳо нагардидани зане шуд, ки барои одамкушӣ 28 сол ҳукм гирифтааст. 

Иззатулло Шарипов имрӯз, 24 август зимни баррасии лоиҳаи қонун “Дар бораи афв” дар Маҷлиси намояндагон гуфт, Сарвиноз Раҳматова ба афв ниёз дорад. Ӯ гуфт, ки  маҳкумшуда бо иттиҳоми даст доштан дар куштори як хонаводаи тилофурӯшҳо 28 сол равонаи зиндон шудааст, аммо аз ин ҳукм ҳатто як солашро паси сар накардааст ва илова кард: “ҳамин масъала дида шавад, ки агар 25 сол аз ҳукми ӯ кам шавад, муҳлати боқимондаро адо кунад”.
 Аммо Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумон гуфт, ин пешниҳодро қабул карда наметавонанд. Ба гуфтаи ӯ, ин масъаларо бидуни баррасӣ наметавонанд қабул кунанд. Зуҳуров дар идома назари Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии кишварро пурсид. Оқои Раҳмон гуфт, бо Шермуҳамади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ ин масъаларо ба баррасӣ хоҳанд гирифт. 
 
Маврид ба зикр аст, ки ҳукми Сарвиноз Раҳматова аз сӯи Додгоҳи вилояти Суғд 29 январи соли равон эълон шуд. Додгоҳ он замон Олим Раҳматовро барои як умр равонаи зиндон карда, Адиба Раҳматоваро 30 сол аз озодӣ маҳрум кард. Аҳлиддин Раҳматов, Қиёмиддин Раҳматову Ваҳҳоб Раҳматов 28 солӣ ва Валӣ Раҳматов 7 сол ҳукм гирифтанд. Ин афрод дар қатли хонаводаи соҳибкори тиллофурӯш аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров -Аҳмадхӯҷа Бобоев ва саррофон аз шаҳри Хуҷанд - Бурҳоновҳо муҷрим шинохта шуда, зимни баррасии ин парванда Раҳматова бо номи "Сарвинози одамкуш" машҳур шуд.

Назарҳо

Балле рост мегуяд акаи изатулло касе хамин шахсро одами ганда мегуяд хато кардааст.инсони хуб хаст кампири биби ман хар мох хонаи хамин одам мерафт мегуфтум биби кучо рафтести хонаи Зоро.худо рахматуш кунад бибим аз дуне чашм пушиданд.бибим аз корези дангара буд.
Талоши генерал Шарипов барои озодии "Сарвинози одамкуш" Сардори Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия хостори аз маҳбас раҳо нагардидани зане шуд, ки барои одамкушӣ 28 сол ҳукм гирифтааст. Ба кадоми ин чумлахо бовар кунем? Аввал мегуед: барои озодии "одамкуш" талош карда, баъд менависед: "хостгори аз махбас рахо нашудан"-аш шуд.....
Суол, тибқи ин қонун ин зан барои чанд сол кам кардани муҳлати ҳукмаш ҳақ дорад? Бисту панҷ сол кам кардани муҳлат зиёд аст кам? Чунин ба назар мерасад, ки гӯё ин ҷинояткор тибқи ин қонун пурра озод мешавад, вале Сардори раёсати ислоҳоти меҳнатӣ мехоҳад, ки маҳкумшуда ҳадди ақал се сол нишинад. Асли воқеа чӣ ҳаст? Кӣ шарҳи дуруст дода метавонад?
Сабаб дар чист ?хеч кас намегуяд не Шарипов не Шукурчон о барои чи ин зан ( Сарвиноз) ба афв ниёз доштааст, чашмони хушру дорад ё шоху думи зёдати ба монанди ин зан садхои дигар дар махбас нишастаанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?