Талоши навбатии Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳон

Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди туризм ва ҷалби бештари сайёҳон ба кишвар як Шӯрои махсус таъсис додааст.

Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм зери роҳбарии Марҳабо Ҷабборӣ, муовини сарвазири кишвар фаъолият карда, ба ҳайси мақоми олии доимоамалкунандаи машваратӣ-ҳамоҳангсоз дар соҳаи рушди туризм ба ҳисоб меравад.

Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонов, сухангӯи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, минбаъд ҳамаи ассотсиатасия ва шӯроҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавии туристӣ дар атрофи ин Шӯрои нав муттаҳид карда мешаванд.

Ҳадафи дигар аз таъсиси ин Шӯрои байниидоравӣ дар таъмини ҳамкории судманд байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳое арзёбӣ карда мешавад, ки ба пешниҳоди мол ва хизматрасонии туристӣ дар кишвар машғул мебошанд.

Қаблан низ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хостори таъсиси чунин Шӯро шуда буд.

Аммо масъулини ин ниҳод мегӯянд, бо назардошти зиёд будани шӯроҳои мухталифи ҳукуматӣ, таъсиси шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор дастгирӣ наёфта буд.

Масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба ин боваранд, ки таъсиси Шӯрои Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм ба рушди сайёҳӣ дар кишвар мусоидат мекунад.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои мебошад, ки солҳои ахир кӯшиш дорад то ҷалби сайёҳон ба кишварро зиёд кунад. Дар Тоҷикистон ҳоло 90 ширкати сайёҳӣ фаъолият мекунад, ки 60 ширкат саргарми ҷалби хориҷиён ба Тоҷикистон буда, 30 ширкати дигар шаҳрвандони кишварро ба хориҷ раҳнамоӣ мекунад. 

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 147 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон дидан карда буданд, ки ин 98,6 дарсад бештар аз ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Ба иттилои расмӣ, сайёҳон аз 69 кишвари олам ворид шудаанд, ки дар қиёс ба шашмоҳаи аввали соли гузашта 74 ҳазор нафар зиёд мебошанд.

Copyright @2015 TojNews

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?