Тамдиди муҳлати ҳабси Ҷалолиддин Маҳмудов. Интизории тавсифнома аз Кабирӣ

Муҳлати ҳабси пешакии Ҷалолиддин Маҳмудов бо сабаби камбуди маълумот барои ду моҳи дигар тамдид шуд.

Бино ба иттилои Зарафо Раҳмонӣ, яке аз вакилони дифоъи Ҷалолиддин Маҳмудов, узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ 7-уми апрел бо қарори Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳлати боздошташ тамдид шуд.

Зарафо Раҳмонӣ мегӯяд, бино ба сабаби он, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ баъзе маъмулотҳоро дастрас накардаанд, замони ҳабси пешакиро дароз карданд.

Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумла набудани маълумотҳо дар бораи фаъолияти Маҳмудов дар Комиссияи оташбас, инчунин маълумотнома аз Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ боис шуд, ки Маҳмудовро боз барои ду моҳ дар ҳабс нигоҳ доранд. Муҳиддин Кабирӣ бино ба сабабе, ки дар хориҷ қарор дорад, тавсифнома пешниҳод накардааст.

11-уми феврали соли равон Ҷалолиддин Маҳмудов, узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ ва намояндаи ин ҳизб дар КМИР аз ҷониби мақомоти амниятии Тоҷикистон бо иттиҳоми нигоҳ доштани ғайриқонунии аслиҳа боздошт шуда буд. Мақомот ӯро дар нигоҳдории ғайриқонунии аслиҳа гумонбар медонанд.

Copyright © 2015 TojNews

Назарҳо

ба шахсони дардисар, дил сиёх, дар байни мардуми точик ва далват чой нес. барои он ки онхо барои шахсони бегона хизматкарданро дуст медоранду, халки миллаташонро ба хатар бурданро....
АЛЛОХ НИГОХБОНИ ИН БАРОДАР БОШАД! ИН КОРО ХАМАШ ЗАКАЗНОЙАН...
Муҳиддин Кабирӣ бино ба сабабе, ки дар хориҷ қарор дорад, тавсифнома пешниҳод накардааст. Ё тавба, ин чи хел раиси будааст, ки коргараш дар махбас азоб кашида истодаасту, раис дар хорича кайфу сафо. Ба ХНИТ боварихам намонд. Кабири барои хоричиён будаастде. Аъзоёнаш ин амали уро санчиш кунанд бисёр хуб мешуд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?