Тарҷумаи Қуръони Карим бо забони ишора

Як бонуи масеҳии мисрӣ Қуръони Каримро барои ношунавоён бо забони ишора тарҷума кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳои мисрӣ, Наҷло Талъат Ғолӣ, як сокини минтақаи Бани Сувайфи ин кишвар дар нишасти хабарие эълом кардааст: “Вазифаи ман тарҷумонӣ аст ва бояд маъниро ба ношунавоёне, ки ҳарфу ишораҳоямро пайгирӣ мекунанд, бирасонам. Ношунавоён низ ҳақ доранд он садоҳо ва калимоте, ки дар атрофашон гуфта мешавад, бифаҳманд.”

Ин хонуми масеҳӣ мегӯяд, ки ман то вақте дилпур нашудам, ки тарҷумаи Қуръони Карим аз назари шариати исломӣ бо ҳар забоне (агар дуруст бошад) ишколе надорад, аз пеши худам, ин корро анҷом надодаам, то мабодо бо ин кор мавриди ғазаби мусалмонон қарор бигирам.

Наҷло мегӯяд, ки дар бораи ин тарҷума “аз чандин уламои дин ва донишмандони исломӣ пурсидам, онҳо таъкид кардаанд, ки тарҷума кардани маънии Қуръон Карим бо забони ишора шаръан ҷоиз аст.” 

Пеш аз ин ҳам дар ҷаҳони илсом тарҷумаи маънии Қурони Карим бо забони ишора сурат гирифтааст, аммо ба таври мукаммал бори аввал ин кор анҷом мешавад.

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?