Тарроҳони тоҷик дар Сингапур нозукиҳои касбашонро меомӯзанд

Як гурӯҳ аз тарроҳони тоҷик барои омӯзиши  услубҳои ҷадиди таҳияи либос ба Сингапур сафар кардаанд.

Бино ба иттилои масъулини Маркази байналмиллаии савдо дар Тоҷикистон, аз 1-ум то 6-уми декабр дар Сингапур ҳафтаи омӯзиши тарроҳони тоҷику қирғиз баргузор мешавад.

Ҳадаф аз баргузории ҳафтаи омӯзишӣ, омӯзиши услубҳои ҷадиди таҳияи либос ва рақобат пазир будани онро дар бозори молу хизматрасонӣ номидаанд.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Котиботи давлатии Шветсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (SECO) сармоягузорӣ шуда,  барномаи омӯзишӣ метавонад, паҳлӯҳои гуногуни бозори дохилии тарроҳони тоҷику қирғизро ба инобат гирифта ба онҳо навъҳои нави либос ва муделҳои тозаро пешинҳод намояд.

Барномаи омӯзишӣ аз ҷониби Маркази омӯзишии саноати либосорӣ ва муд Pte Ltd (TaF.tc), гузаронида мешавад, ки басифати нахустин Маркази омӯзишии тарроҳии либос дар Сингапур шинохта шудааст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?