Таъсиси платформаи нави интернетӣ, барои кӯмак ба сиёсатгузорони тоҷик

Донишкадаи сиёсати давлатӣ ва идоракунии назди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ IPPA) ва Пажӯҳишгоҳи байналмилалии оид ба сиёсати озуқаворӣ (IFPRI), барномаи Таjikistan Spatial- платформаи нави интернетӣ, барои кӯмак ба сиёсатгузоронро барои ноил шудан ба ҳадафҳои басо осебпазири амнияти озуқавории минтақаҳои мамлакат оғоз намуд.

Платформа дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди маҳаллӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Кумита истифодаи платформаи интернетиро байни сиёсатмадорон ва муҳаққиқон дар Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

" Таjikistan Spartial - воситаи тасвири амалӣ мебошад, ки дастрасӣ ба маълумотҳои санҷидашуда аз захираҳои расмиро ба тарзи осон, таъмин менамояд. Чунин платформа ба сиёсатмадорон ва кормандон, ки ба таҳлил, арзёбӣ, пешбинӣ ва вокуниш ба эҳтиёҷоти кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ, дар кишвар сару кор доранд, кӯмаки зарурӣ мерасонад” шарҳ дод Доктор Роман Могилёвский, Муовини Директори IPPA .

Бо таъмини маълумот оид ба зиёда аз 100 нишондиҳандаҳо, аз ҷумла иқлим, омилҳои биофизикӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ба истифодабарандагон, имкони дарёфти тасвирии минтақаҳои аз ҳама осебпазир ва ноамнии озуқаворӣ ва ба роҳ мондани сиёсат ва тадқиқот, ба он самтҳое, ки бештар ниёз доранд, кӯмак мерасонад. Восита метавонад, дар доираи он ҳар гуна миқдор қабатҳои картогафӣ дар ҳудуди кишвар ва ё минтақаҳо, дар шакли пиксел ҷой дода диҳад ва нишондиҳандаҳоро дар вақти зарурӣ нишон диҳад, харита ва графикҳоро, дастрас ва чоп намояд.

Платформа, технологияи инноватсионӣ ва консепсияи харитасозиро бо истифода аз маълумотҳо аз доираи васеи манбаъҳо, аз ҷумла, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO), Таҳқиқоти хонаводаҳо ба монанди Таҳқиқоти нишондиҳандаҳои зиёди манбаъҳо ва Тадқиқоти демографи ва тандурустиро дар бар мегирад.

Tajikistan Spatial барои аҳолӣ дар Интернет, дар ҳар ду забони англисӣ ва русӣ дастрас аст. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?