Таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон

Дар се моҳи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба Тоҷикистон як баробар бештар сайёҳон ворид шудаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, дар 3 моҳи аввали соли равон ба Тоҷистон 63 ҳазору 320 нафара сайёҳ омадааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36 ҳазор зиёд мебошад. 

Наврӯз Қурбонов, сухангӯи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мегӯяд, дар 3 моҳи аввали соли гузашта шумораи сайёҳони ба Тоҷикистон омада, ҳамагӣ 27 ҳазору 207 нафарро ташкил медод. 

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра аз ҳисоби сайёҳони хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат 31 млн 660 ҳазор доллари ИМА маблағ ворид гаштааст. Ин дар ҳолест, ки ҳаҷми маблағи воридкардаи сайёҳон дар 3 моҳи соли гузашта каме зиёдтар аз 13 млн. долларо ташкил медод.

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?