Тавофуқи Тоҷикистон ва Русия барои қатъ накардани парвозҳо

Русия ва Тоҷикистон дар заминаи танзими парвозҳо миёни ду кишвар, ба мувофиқа расиданд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар гуфтугӯҳои Маскав, тарафҳо розӣ шуданд, то ҳавопаймоҳои ҳар ду ҷониб аз фурудгоҳи нави Жуковский, парвозҳо анҷом диҳанд.

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон ба “Озодӣ” гуфтааст, музокирот миёни ҳайатҳои Тоҷикистон ва Русия то дершаби 7-уми ноябр идома дошт ва ҷонибҳо тавонистанд дар атрофи масъалҳои мавриди баҳс, ба мувофиқа бирасанд.

Ҷаноби Ганҷалзода хабарҳо дар бораи гузаштҳои ҳайати Тоҷикистон ба ҷониби Русия дар ин музокиротро радд кард ва гуфт, ки тибқи натиҷаҳои ин музокирот, ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон бар асоси "паритет ё баробарӣ", парвозҳоро ба шаҳрҳои Русия, анҷом хоҳанд дод.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон, тасдиқ кард, ки ба ҷониби Русия иҷозаи парвозҳо аз фурудгоҳи нави Жуковский ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд дода шуд. Вале гуфт, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон низ аз ин фурудгоҳ парвозҳоро хоҳанд дод.

Қаблан расонаҳои русӣ хабар дода буданд, ки дар сурати ба тавофуқ даст наёфтани Тоҷикистон ва Русия эҳтимол аз 8-уми ноябри соли равон Русия ба таври якҷониба парвози ҳавопаймоҳояшро ба Тоҷикистон лағв кунад.  Ин тасмим ба он далел гирифта шудааст, ки Душанбе хоҳиши онро надоштааст, ки парвози тайёраҳои Русияро ба кишвар аз майдони ҳавоии наздимаскавии Жуковский ҳамоҳанг кунад. Маврид ба ёдоварист, ки фурудгоҳи Жуковский моҳи майи моли равон фаъол шудааст.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?