Тавсифи Убайдуллоев аз роҳбари бозори “Султони Кабир”

Авазхон Кабиров бо Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе аз Авазхон Кабиров, раиси бозори “Султони Кабир” тавсиф намуд, ки дар муддати кӯтоҳ ҷойҳои зиёди корӣ ташкил кардааст.

Убайдуллоев дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе гуфт,  Авазхон Кабиров  бо сохтани як бинои истеҳсолӣ барои на кам аз 500 ҷойи корӣ ва маҷмааи иншоотҳои истироҳатӣ-фароғатӣ, аквапарк, варзишӣ ва марказҳои хизматрасонӣ ҷойҳои зиёди корӣ ташкил кардааст.

Бо ба истифода додани танҳо корхонаи истеҳсолӣ дар як баст 1200 ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбад. Маҷмааи нави Авазхон Кабиров дар соҳили рости дарёи Душанбе поёнтар аз бозори "Султони Кабир" сохат шудан дорад.

Шаҳрдори Душанбе зикр намуд, ки аз дилхоҳ иқдомоти созандаи масъулин ва соҳибкорони инфиродӣ дар самти ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ истиқбол хоҳад кард.

Маврид ба зикр аст, ки Авазхон Кабиров аз манфиатбардорони асосии бозори "Султони Кабир" мебошад, ки ҳамчунин бизнеси сохтмонӣ низ дорад. Бозори "Султони Кабир" аз камтарин бозорҳои пойтахт аст, ки дар он низоми хосаи буду боши савдогарон ва мизоҷон сохта шуда, тартибот ва тамизкорӣ аз вежагиҳои он мебошад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?