Тазоҳуроти 153 ҳазор нафар барои ислоҳи қонуни кор дар Фаронса

Дар тазоҳуроти саросарии Фаронса барои ислоҳи қонуни кор 153 ҳазор нафар ширкат карданд тазоҳуроти сартосарӣ барои ислоҳи қонуни кор дар Фаронса рӯзи панҷшанбе фаъолияти оддиро дар ин кишвар фалаҷ кард.

Дар чандин шаҳри ин кишвар пулиси зидди шӯриш бо тазоҳуротгарон бархӯрд намуд ва бино ба иттилои расмӣ 77 нафар дар ҷараёни ин бархӯрдҳо боздошт шуданд, 15 маъмури пулис захмӣ, теъдоде аз мошинҳо ва мағозаҳо тахриб карда шуданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳукумати Фаронса мегӯяд ин ислоҳот лағв намешавад, вале эҳтимоли он ҳам вуҷуд дорад, ки баъзе тағйироту иловаҳо ворид карда шаванд. тазоҳуроти сартосарӣ аз ҷониби ҳафт иттиҳодияи сифӣ (иттифоқи касаба) ҳимоят мешавад.

Дар пойтахти Фаронса пулис барои назорати тазоҳургарон, ки аз майдони Бастил роҳпаймоӣ карда буданд, аз гази ашковар истифода кард ва 39 нафар аз ҷумлаи тундравон дар ин тазоҳуротро боздошт намуд.

Бино ба иттилои иттиҳодияҳои синфии фаъол дар ин тазоҳурот дар сар то сари Фаронса теъдоди ширкаткунандагонаш бештар аз 153 ҳазор нафар будааст. Парвози ҳавопаймоҳо аз ҳамаи шаҳрҳои бузург, аз ҷумла аз Порис мутаваққиф шуд.

тазоҳуротҳои сартосарӣ дар Фаронса дар замоне баргузор мешаванд, ки қарор аст моҳи оянда мусобиқоти ҷоми миллатҳои Аврупо – Евро 2016 дар ин кишвар баргузор шавад.

Ва таҳлилгарон бар ин назаранд, ки агар ҳукумат бо тазоҳуркунандагон канор наояд, баргузории ин мусобиқот имконпазир намешавад.
Конец переписки
 

Шояд шумо суол ё назаре доред?