Тазоҳуроти ҷавонон дар хонаи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар Душанбе

Гуруҳе аз ҷавонони хашин дар идомаи раҳпаймоиҳои худ ба манзилгаҳи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Роҳбари марҳуми Ҳизби мамнуъшудаи Наҳзати исломӣ рафтаанд ва бо сар додани шиорҳои зидди мухолифон сукунати афтрофиёнро халалдор кардаанд.

Тазоҳуркунандагони ҷавон 24-уми сентябр ба хонаи марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ду маротиба, рӯзона ва бегоҳ ҳозир шудаанд ва бори дуюм ҳато вориди ҳавлӣ низ гаштанд.

Бори аввал теъдодашон аз 20 нафар беш набуд, вале бегоҳ бо шумори бештар ва хашмгинтар аз қабл ҳозир шуданд ва амнияти бошандагони хонаро ҳам зери хатар гузоштанд.

То ин замон дар ҳама эътирозҳо исми Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва манзили ӯ миёни донишҷӯён набуд. Аммо хабари ширкати писарбузурги Нурӣ -Муҳаммадҷони Нурӣ дар ҷаласаи САҲА дар Варшав ҷуғрофиёи тазоҳуротро то хонаи бунёдгузори ҳизби наҳзат ва яке аз имзокунандагони паймони сулҳ кашидааст.

Ин ҷавонон, ки худро ихтиёриён ном мебаранд, бо шиорҳои “Нест бод Кабирӣ!”, “Хоинони миллат!” ба манзили Сайидумари Ҳусайнӣ низ рафтаанд ва дар назди дарвоза тазоҳурот кардаанд.

Ин иқдоми ҷавонон дар Душанбе, ки аксарият дар ҷомеаи шаҳрвандӣ онро супоришӣ ва аслан кори дасти мақомоти амниятӣ мешуморанд, дар посух ба пикети ҷавонон дар Варшава буд, ки худро мухолифини ҳукумати Тоҷикистон муаррифӣ карда, ба ҷаласаи САҲА дар Лаҳистон ворид шуданд.  

Аз рӯзи оғози ҷаласаи САҲА дар Варшав ин бори аввал нест, ки ҷавонони хашин гоҳ ба дафтари намояндагии САҲА дар Душанбе мераванд ва гоҳи дигар ба манзили зисти мухолифони давлат.

Онҳо дар мавриде ҳатто аксҳои Муҳиддин Кабириро ҳам сӯхтанд ва ба дару девори намояндагии САҲА сангандозӣ ҳам карданд.

Дар шаҳри Кӯлоб низ гуруҳе аз донишҷӯёни донишгоҳи ин шаҳр назди хонаи Шабнам Худойдодова, узви ҳаракати мамнуъи  “Гуруҳи-24” гирд омаданд ва ҳатто талош карданд дарвозаи хонаи Шабнамро шикананд ва ба хонаи ӯ сангпартоӣ карданд.

Назарҳо

Ин хукумат окибат шармандаи чахон хохад шуд бо ин рохи пеш гирифтааст. Писари Нури баромад кардааст, Хухойдодова баромад кардааст, айби хешу таборашон дар чист?
Nahod hamin roh, rohi muboriza boshad.Ba dari honai kase raviyu sang andozi kuni.Kadom rezhisuri nouhdabaro senariyanavisi dorad. Bin Laden ham mukobili digaron tajor karda shuda bud. Man ba joi hukumat mebudam, ba honavodahoi kase kordor nameshudam, tamomi "muholifin"-ro ba sari mizi guftugu davat mekardam.Bovar kuned "muholifin " ba juz du-se fakti obshusta digar hej chiz dar jajbash nadopad.Vale javhari gap dar on ki "mukobiliyathoi" hukumat bo "mukobiliyathoi" "muholifin" obtarozuro bekor mekunad.
Кадом чавонон? Онхо дастнигархои ВКД хастанд. Ин авангардро Рахимзода таъсис дода буд, аз ёд баровардед?
Ин амали Чавонон чиноят мебошад. Гайриконуни бе розигии сохибмулк ворид шудан ба мензил чиноят мебошад ва ин чавонони лухтакмонанд бояд бо моддаи 147 конуни чиноятм ба чавобгари чинояти кашида шаванд.
Инро конуншикани по таджикский мегуянд. Чи рафтори бе мантик ин чавонони ахмак карда истодаанд. Албата ин аз тарафи хукумат ташкил шуда ва бефахмона кирдори беаклона ва бечавоб мебошад. Ин баръакс обу руи мухолифинро зёд кард.
Ста...о! Это называется в авангарде тупости. Куда полезли! Сторона являлась подписантом. Срочно сменить куратора группы.

Шояд шумо суол ё назаре доред?