Теъдоди мусулмонон дар Амрикои Лотин меафзояд

Рӯзноманигори мексикоиву амрикоӣ Хорхе Рамос таҳқиқоте гузаронида ва дар шигифт шудааст, ки дар Амрикои Лотин беш аз пеш мардум ба Ислом рӯ меоранд ва теъдоди ба ин оини гаравида ба маротиб бештар аз он аст, ки баъзе оморҳои расмӣ ҳадс мезананд.

Рамос бо тааҷҷуб аз ин кашфиёташ тасмим гирифтааст сабабҳои ин гароишро мавриди пажуҳиш қарор диҳад.

Ин рӯзноманигор аз қавли профессори Донишгоҳи байналмилалии Флорида Стефани Лондонно овардааст, ки аз 3,4 миллион нафар мусалмонони қитъаи Амрико 200 ҳазорашон сокинони Амрикои Лотин мебошанд. 90 дарсади ин мусалмонҳои Амрикои лотинӣ муроҷиаткардагонанд ва қисмати бештари онҳо занон мебошанд. 

“Ислом маро аз худкушӣ наҷот дод”,- гуфтааст духтари 21-солаи роҳиби калисои масеҳӣ Габриэла. Ва ҳамин маро водор карда, ки пайрави ин дин шавам, онро пазирам ва аз таълимоташ пайравӣ намоям. 

Як хонуми ҷавони Флорида, ки худ фарзанди модару падари никарагуӣ ва кубоӣ мебошад, гуфтааст, ки аз беэҳтиётӣ аз ҷавони бадроҳа ҳомиладор шуд. Намедонист чӣ кор кунад. Мехост исқоти ҳамл кунад, вале волидонаш ба ин розӣ набуданд ва наметавонистанд духтари худро бубахшанд. Дар дуроҳаи тақдир ногоҳ аз Ислом хабардор шудааст.

  Ба ӯ гуфтаанд, ки агар дини Ислом пазирӣ ва мусалмон шавӣ, Худованд гуноҳони гузаштаи худро мебахшад. Ва маҳз ҳамин ваъдаи афви гуноҳон ин бонуро ба даргоҳи Ислом овардааст ва ҳоло шукрона дорад, ки оромиши хотир ёфта ва медонад, ки Худо бахшандаву меҳрубон аст. 

Лондоно ба рӯзноманигор гуфтааст, ки “Ислом боқӣ мемонад. Он дини зудрушдёбандаи олам аст ва аз нигоҳи теъдоди пайравон ва густариши ақоидаш хеле ба зудӣ дуюмин дини ИМА хоҳад шуд. Сарнавишти ин занон исботи он нукта аст, ки Ислом  метавонад фарҳангу тамаддуни оламро ба ҳам орад”, - менависад islamnews.

Шояд шумо суол ё назаре доред?