Теъдоди зоирони Ҳаҷ-2015 ҳудуди 500 ҳазор нафар кам шудааст

Вазорати Ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ эълом кардааст, ки дар мавсими Ҳаҷ-2015 ҳудуди якуним миллион мусалмон иштирок хоҳанд кард.

Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, 23-юми август шоҳзода Холид ал-Файсал, раиси минтақаи Макка дар як нишасти Кумитаи тадорукот оид ба ҷо ба ҷогузорӣ ва хидматрасонӣ  ба зоирони Каъба эълом кардааст, ки дар мавсими Ҳаҷ-2015 иштироки 1 миллиону 350 ҳазор зоири хориҷӣ ва 150 ҳазор зоири дохилӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба гуфтаи Холид ал-Файсал, айни замон мақомоти дахлдор ҳузури зиёда аз 100 ҳазор зоир барои иштирок дар мавсими Ҳаҷ-2015 дар шаҳри Маккаи Мукаррама ба қайд гирифтаанд.

Сафари зоироини Ҳаҷ-2015 ба Арабистони Саудӣ дар ҳоле коҳиш ёфтааст, ки соли гузашта дар мавсими Ҳаҷ-2014 наздик ба 2 миллион нафар ширкат карда буд.

Имсол аз Тоҷикистон зиёда 6 ҳазор нафар дар мавсими Ҳаҷ-2015 иштирок мекунанд ва оғози  сафари онҳо ба Арабистони Саудӣ барои адои фаризаи Ҳаҷ дар ибтидои моҳи сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?