Темур Зулфиқоров: “Президент ба ман як хонача дар лаби дарё ҳадя кунад”

Темур Зулфиқоров, нависандаи маъруфи русзабони тоҷик, ки чаде пеш дар Тоҷикистон 80-солагияшро таҷлил кард, аз Президент Эмомалӣ Раҳмон “як хонача дар лаби дарё” тақозо кардааст.

Дар дар ин бора зимни мусоҳибае дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” изҳор карда, ҳамчунин сабабҳои ба Русия барнагаштанашро шарҳ додааст:

“Ман қариб ду соли ахир доимӣ дар Тоҷикистон ҳастам. Чун ман фаҳмидам, ки болаззаттарин хӯрок дар дунё нони дар оби чашма таркарда будааст. москвае, ки ман 56 сол зистам, аллакай барио зиндагӣ вазнин шуд.

Аҳолӣ зиёд, раҳҳо банд, ғалоғула, милионҳо омадагон, масвкагиҳои асил 3 фоиз монданду халос, шаҳри таърихӣ вайрон шуд, камбағалӣ ба ҳолати маъмулӣ табдил ёфт.

Ман ҳам дар пирӣ гирифтори камбағалӣ шудам, чизе надорам ҷуз хонаи дуҳуҷрагиям дар Маскав. Аммо дар ин ҷо Президент Эмомалӣ Раҳмон ба ман хонаи нағз дод, ҳарчанд, ки маро дар он ба қайд намегузоранд.

Дигар ин ки синну солам ба обу ҳавои тоза ниёз дорад. Ман дар орзуи як хонача дар лаби дарё ҳастам. Барои ҳамин аз президент Эмомалӣ Раҳмон, ки ӯро чун сиёсатмадори қавиирода шинохтаам, як тақозо дорам: ба ман дар лаби дарё як хоначае ҳадя кунад, - гуфтааст адиби шинохта.  

Назарҳо

Бечора
Хочаям аз гушнаги мурдам ба ман нонам бидех, Кофарам, - гуям агар инам бидех онам бидех!! - гуеду монед-дэ!
Чи кор кунем, ки кашшоктарин кишри чоме имруз ба назари ман махз шоирону нависандагон ва журналистонанд. Китобе чоп кардани шавем дари даххо корхонахои хухсиро куфта, гадои мекунем, ки барои чоп кумакамон кунанд. Ноне барои хурдан надорем. Ман гумон мекардам факат мо шоирони чавон чунин хол дорем, вале алъон мебинам, ки чуз маддоханвисхо дигар хама ин холро доранд.
Нависандаи маъруфи точи! Вале бо забони точики гап задан наметавонад..

Шояд шумо суол ё назаре доред?