The Times: Меркел ба хадамоти ҷосусии Британия маълумоти сиррӣ дар бораи Путин ироа кард

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел маълумоти сиррии хадамоти ҷосусии кишварашро дар бораи Владимир Путин ва вазъи Украина ба хадамоти махсуси Британия Кабир додааст ва ба ивази он дар бораи “Давлати исломӣ” иттилои ҷадид дарёфт кардааст.  

Бино ба хабари нашрияи The Times Садри аъзами Олмон моҳи октябри соли 2015 бо роҳбарои хадамоти вижаи Британияи Кабир дидор кардааст.

Ин нашрия мегӯяд, хадамоти ҷосусии Британияи Кабир ба Ангела Меркел маълумоти тоза ва таҳлилиро дар бораи ба истилоҳ “Давлати исломӣ” ироа кардааст. Ба ивази ин канслери Олмон ахбори сирриро дар бораи президенти Русия Владимир Путин, вазъи кунунии Украина ва Қрими ишғолӣ додааст.  

Нашрия гуфтааст, ки ахбори ироашуда дар мавриди ДОИШ ва таҳдидҳои амниятӣ дар Аврупо барои Садри аъзами Олмон хеле ҷолиб буд. 

Дар мулоқот, ки дар қароргоҳи сарвазири Британия ва бо ширкати ӯ баргузор шудааст, сарварони хадамоти ҷосусии Британияи Кабир Ми6 Алекс Янгер, роҳбари хадамоти аксулҷосусӣ Ми5 Эндрю  Паркер ва директори Маркази иртиботҳои ҳукуматӣ Роберт Ханниган иштиррок доштанд. 

The Times ҷузъиёти аз ин бештарро ифшо накардааст ва ҳатто маълум нест, ки Меркел чӣ маълумоте ҳамвазн ба далелҳои ироакардаи ҷониби Британия додааст, ки мароқангез бошад.  

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?