“Тоҷик Эйр” истифодаи телефонҳои “Samsung Note 7”-ро манъ кард

Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” истифодаи смартфонҳои тамғаи “Samsung Note 7”-ро дар дохили тайёраҳои худ манъ кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ширкати “Тоҷик Эйр”, “ин қарорро роҳбарияти ширкат бо сабаби зиёд шудани ҳодисаҳои худ аз худ оташ гирифтани смартфонҳои тамғаи «Samsung Note 7» ҳангоми гирифтани қувва қабул намуд.”

-Таъмини амнияти мусофирон ҳангоми сафар вазифаи стратегии мо мебошад, ки ширкати миллии Тоҷикистон ин вазифаро бечуну чаро иҷро менамояд. Манъ намудани смартфонҳои ин тамға дар дохили тайёра низ бо мақсади амнияти мусофирон ба роҳ монда шуд,-  мегӯяд манбаъ.

Масъулини ширкати “Тоҷик Эйр” мегӯянд, мусофироне, ки бо худ ин тамғаи телефонро доранд, пеш аз қайдгузарӣ бояд онро ба шахсони гуселкунанда диҳанд ва бо худ ба тайёра ворид насозанд.

Ёдовар мешавем, ки силсилаи телефонҳо Galaxy Note 7-и ин ширкат бинобар он ки дар вақти истифода аз он худ аз худ таркида, боиси ҷароҳат бардоштани соҳибонашон шуданд, аз фуруш бозхонд шудааст. 

Samsung изҳорот дод, ки барои ба даст овардани эътимоди мардум ба ширкат талош хоҳад кард. 

 

Назарҳо

дар точикистон нона ба зури меёбем боз самсунг нота 7 аз кучо шуд ,аз вайда нархи билета арзон кунед хубтар мешавад

Шояд шумо суол ё назаре доред?