Тоҷикистон барои Қирғизистон ҳар киловат соат нерӯи барқро 3,2 сент нарх гузоштааст

Тоҷикистон ба Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки ҳар киловат соат нерӯи барқашро 3,2 сент харидорӣ кунад.

Дар ин бора Сарвари ҳолдинги энержии милии Қирғизистон Ойбек Калиев дар ҷаласаи парламони ин кишвар иттилоъ додааст. 

“Ҳоло гуфтушунидҳо идома доранд ва натиҷа ниҳоӣ нашудааст. Охири ҳафтаи ҷорӣ низ муколамаи энержӣ бо Тоҷикистон дар нақша ҳаст. Агар нархро мувофақа кунем, пас ба воридоти он шуруъ хоҳем кард”,- гуфтааст  Ойбек Калиев дар ҷаласаи кумитаи Жогорку Кенеш  (парамент) оид ба масоили энержӣ.

Вай ҳамчунин изҳор доштааст, ки соли гузашта Қирғизистон аз Тоҷикистон ба қимати 2,5 сент нерӯи барқ харида буд, вале имсол бо назардошти болоравии арзиши мол ба қиммати порсола  0,7 сент илова шудааст. Ҳатто ба Афғонистон низ Тоҷикистон ҳар киловат барқи худро 3,2 сент мефурӯшад.

Ба гуфтаи соҳибмақоми қирғиз на танҳо Тоҷикистон, балки Қазоқистон низ арзиши ҳар киловат нерӯи барқашро боло бурдааст.

Қирғизистон барои коҳиши эҳтиёҷоташ ба нерӯи барқ талошҳои зиёд мекунад, вале дар вазъи имрӯза наметавонад аз ҳисоби тавлидоти дохилӣ эҳтиёҷҳои худро бароварда созад.

Тибқи омори расонаишуда имсол Қирғизистон ба 650 миллион киловат соат нерӯи барқ аз хориҷ ниёз дорад.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?