Тоҷикистон дар қатори кишварҳое, ки суръати интернеташон аз пастаринҳост

Дар радабандии суръати интернет дар кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистон дар қатори кишварҳое дохил шудааст, ки дар ҷойи охир мебошанд.

Тибқи пажӯҳиши ширкати канадагии SecDev Corp, суръати интернет дар Тоҷикистон хеле пас баҳогузорӣ шудааст. Дар миёни мамолики ИДМ Белорус дар сегонае кишварҳое ҷой дорад, ки дорои суръати баланди интернет мебошанд. Дар ин кишварҳо баландтарин суръати интернет дар ҳадди 1 Гбит/сония ҳисоб шудааст.

Дар ду ҷойи аввал ИМА ва Шветсия ва дар мақоми чорум Канада ҷой гирифтааст.

Пажуҳишгарони ин ширкат гуфтаанд, ки ҳамаи корбарон дар мамолики олам рӯйи суръати 100 Мбит/сония ҳисоб мекунанд ва онро технологияи  Ethernet ва xPON таъмин месозад. Маъмулан аксари созмонҳои интернетрасони бозорҳои миллӣ ба ҳамин такя мекунанд. Аммо суръати аз ин баланди интернет (1 Гбит/сония ва болотар аз он) марбути ширкатҳо ва шахсонест, ки дар доираи лоиҳаҳои хусусӣ кор мебаранд.

 Ин пажуҳиш мегӯяд, баландтарин суръати интернет дар Аврупо дар ҳадди 600 Мбит/сония дар Лаҳистон аст. Литва ва Испания аз суръати 300 ва Олмону Латвия аз суръати 400 Мбит/сония истифода мебаранд.

 Дар идомаи ин пажуҳиш ҳамчунин ҷадвалеро метавон мурур кард, ки кишварҳои оламро аз рӯйи истифодаи суръати интернет раддабандӣ кардааст.

Таҳқиқгарони SecDev Corp суръати интернет дар Тоҷикистонро аз рӯйи ширкати Babilion-T муайян кардаанд, ки дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо аз Ӯзбакистон ва Туркманистон пеш (1 Мбит/сония) аст.

Ҳамин тариқ суръати интернет дар Қазоқистон 120, Қирғизистон 160, Молдова 500, Туркманистон 0,5 ва Ӯзбакистон 1 Мбит/сония мебошад.

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

хайрият
Вавилон каноатбахш аст, аммо каме киммат

Шояд шумо суол ё назаре доред?