Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА 19 зина боло рафт

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА 19 зина боло рафтааст.

Дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии футбол, ки 14-уми июл нашр шуд, Тоҷикистон бо касби 220 балл дар мақоми 145-ум қарор дорад.

Дар моҳи гузашта дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2019 ду сабқатро бо тими Бангладеш ба фоидаи худ анҷом дод. Ба 2 ғалаба аз болои тими Бангардеш мунтахаби Тоҷикистон соҳиби 70 балл гардидааст.

Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиё дар мақоми 23-юм қарор дорад. Дар байни кишварҳои қораи Осиё дастаи мунтахаби Эрон мақоми аввал, Кореяи ҷануб дуввум ва Узбекистон мақоми сеюмро касб кардаанд.

Дар даҳгонаи рейтинги нави ФИФА дастаҳои мунтахаби Аргентина, Белгия, Колумбия, Германия, Чили, Португалия, Фаронса, Испания, Бразилия ва  Италия ҷой дода шудаанд.

 

Назарҳо

Имруз ба муносибати 85солагии шахри Кольчугинои вилояти Владимири Федератсияи Русия мусобикоти варзиши баргузор шуд, ки точикони мукими ин шахр дар намуди футбол чои аввал ва дар волейбол ,дар байни 14 даста чои дуввумро гирифтанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?