Тоҷикистон дар рейтинги рақобатпазирӣ дар сайёҳӣ 28 зина поён рафт

Тоҷикистон дар рейтинги рақобатпазирӣ дар сайёҳӣ ва ҷаҳонгардӣ 28 зина поин рафтааст.

Коршиносони анҷумани ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF), ки натиҷаи як пажуҳиши худро расонаӣ карданд, тибқи он Тоҷикистон дар зинаи 119 қарор гирифт, ки нисбат ба соли гузашта 28 зина қафо аст.

Қазоқистон дар ин рейтинг мақоми 85 ва Қирғизистон дар мақоми 116 ҷой гирифтанд. Дар бораи кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ маълумот дода нашудааст. 

Чин вазъи сайёҳӣ ва ҷаҳонгардии худро беҳтар кард ва аз мақоми 45, ки соли гузашта ишғол менамуд, дар зинаи 17-ум  ва Русия дар зинаи 45 ҷой гирифтанд.

Дар панҷгонаи аввали кишварҳои дар сайёҳӣ ва ҷаҳонгардӣ рақобатпазир Испания, Олмон, Фаронса, ИМА ва Британия  Кабир дохил карда шудаанд. 

Ҳисоботи WEF натиҷаи таҳқиқи сайёҳӣ ва ҷаҳонгардӣ дар 141 кишвари оламро аз рӯйи 14 параметри калидӣ, аз ҷумла имкониятҳои фарҳангӣ, инсратруктураи дастрас, сатҳи амният дар бар мегирад ва ҳар сол як маротиба расонаӣ мешавад.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?