Тоҷикистон дигар аз Афғонистон кӯмаки башардӯстона нагирифт (ИНФОГРАФИКА)

Тоҷикистон дар давоми шаш моҳи аввали соли равон аз хориҷ ба маблағи 23 млн. 489 ҳазор доллар кӯмаки башардӯстона дарёфт кардааст.

Бино ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон, аз ҳама бештар ба кишвар Чин (26,3%), Русия (19,4%) ва Ҳиндустон (9,3%) ёрии башардӯстона ирсол кардаанд.  Аммо дар рӯйхати кишварҳое, ки ба Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона ирсол кардаанд, дигар номи Афғонистон нест. Дар 9 моҳи соли гузашта 3,1 фоизи кӯмаки башардӯстоани Тоҷикистонро Афғонистон ирсол карда буд.

 

 

 

 

 

 

Ба Тоҷикистон ҳамчунин Олмон ва Ҷумҳурии Корея (2,9 фоизӣ), Туркия (2,8%), Белорус (2,7%), Швейтсария (2,6%), Озарбойҷон  ва ИМА (1,6 фоизӣ), Фаронса ва Нидерлайнд (1,5 фоизӣ), Тайланд (1,4%), Эрон 1,2% кӯмаки башардӯстона додаанд.

Тоҷикистон дар ҳоле аз хориҷ ба маблағи зиёда аз 23 млн. доллар кӯмаки башардӯстона дарёфт мекунад, ки то ҳол дар бораи ба куҷо расидани онҳо омори расмӣ нашр намешавад. 

Назарҳо

Дар чеби одамони аз халк бехабар

Шояд шумо суол ё назаре доред?