“Тоҷпромбонк”-ро то як сол маъмурияти муваққатӣ идора мекунад

Бонки миллии Тоҷикистон муҳлати маъмурияти муваққатӣ дар “Тоҷпромбонк”-ро то шаш моҳ дароз кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, маъмурияти муваққатӣ то 3-юми майи соли 2017 “Тоҷпромбонк”-ро идора мекунад.

Манбаъ мегӯяд,  “ба маъмурияти муваққатӣ дастур дода шудааст, ки фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда, бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ташкилоти қарзии номбурда иҷрои нақшаи барқарорсозии бонкро таъмин намояд.”

Маъмурияти муваққатӣ дар “Тоҷпромбонк” аз моҳи майи соли 2016 оғоз гардид ва тибқи қарори ахири БМТ ҳамакнун як соли пурраро дарбар хоҳад гирифт.

Раҳбарии маъмурияти муваққатиро Ф. Шарипов ба уҳда дорад, ки аз фарзандони собиқ вазири корҳои дохилӣ Хумдин Шарипов мебошад.Раҳбари пешини ин бонк Ҷамшед Зиёев буд, ки аз афроди наздик ба соҳибкори фироркарда Аваз Назаров ва раиси вақти БМТ Муродалӣ Алимардон мебошад.

“Тоҷпромбонк” яке аз 3 бонки Тоҷикистон мебошад, ки дар хабарҳо дар бораи ба буҳрон гирифтор шудани он қаблан расонаӣ шуда буд. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?