Трамп Ӯзбакистонро "давлати террористӣ" унвон кард

Номзад ба курсии президентии ИМА миллиарддор Доналд Трамп Ӯзбакистонро давлати террористӣ номид.

Трамп, ки рӯзи 4-уми августи соли равон дар ҷамъомади ҷонибдоронаш дар Портленди Иёлоти Мэн суханронӣ мекард, изҳор дошт, ки мехоҳад вуруди ҳамаи мусалмонон аз кишварҳои хориҷиро ба ИМА манъ кунад. Вай ин бор аз истифодаи калимаи мусалмон худдорӣ кард ва ба ҷойи он истилоҳи “мусалмонони хориҷӣ”-ро истифода намуд. 

Бино ба гузориши The Washington Post, Трамп ба дафтарчаи қайдҳои худ назар андохт ва номи афродеро аз мамолики исломӣ ном бурд, ки қонунӣ ба ИМА ворид шудаву мақоми паноҳандагӣ ё шаҳрвандӣ дарёфт кардаанд, вале баъдан амрикоиҳоро куштаанд. Дар ин қатор вай аз шаҳрванди Ӯзбакистон Фазлиддин Қурбонов ёд кард, ки дар иёлоти Айдохо мезист ва барои кӯмак ба созмонҳои террористӣ 25 сол роҳии зиндон шудааст.

Трамп ҳамчунин аз бародарон Сарнаевҳо ёд кард, ки ба террор дар Бостон муттаҳам мешаванд.

Трамп боз гуфт, ки ӯ намехоҳад шаҳрвандони Ӯзбакистонро ҳам ба Амрико роҳ диҳад, вале ҳамзамон аз ёваронаш ва аз ҷамъомадагон суол кард, ки ин кишвар дар куҷо ҷойгир аст.

Дар қатори мамолике, ки шаҳрвандонашон ба ИМА наметавонанд дар сурати пирӯзии Трамп ба ИМА ворид шаванд, вай аз Сомалӣ, Марокко, Сурия, Афғонистон, Филиппин, Ироқ, Покистон ва Яман ном бурд.  

Шояд шумо суол ё назаре доред?