Туризми дохилӣ: Боздиди 150 нафар ҷавони суғдӣ аз ҷануби Тоҷикистон

Ҳудуди 150 нафар ҷавонони вилояти Суғд барои боздид аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ба марказ ва ҷануби Тоҷикистон сафар кардаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилоят, ин чорабинӣ бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон ва ҳукумати вилояти Суғд сурат гирифтааст, ки барои рушди туризми дохилӣ нигаронда мешавад. Ин ҷавонон аз 5-ум то 7-уми июн аз мавзеҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Душанбе, ноҳияи Восеъ ва шаҳри Кӯлоб дидан кардаанд.

Аз ҷумла ҷавонони суғдӣ зимни саёҳат аз Боғи ба номи А. Рӯдакӣ, Китобхонаи миллли Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Қалъаи Ҳулбук, оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва бо як қатор иншооти таърихию фарҳангии шаҳри Кӯлоб шинос шудаанд.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?