Туркия машҳуртарин футболбозаш- “Барзагови Босфор”-ро шарики Гулен эълон кард

Туркия футболбози машҳури ин кишвар Ҳоқон Шукюрро дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додааст. Гуфта мешавад, ки мавсуф соли 2015 ба таҳқири президент Раҷаб Ардуғон муттаҳам шуд ва баъди фишори мақомот аз Туркия фирор кард.

Бино ба навиштаи AFP, прокуратураи Туркия футболбози машҳурро ба узвият дар бонди террористӣ муттаҳам медонад.

Шукюр, бо тахаллуси “Барзагови Босфор” аз машҳуртарин футболбозони ин кишвар буда, соли 2002 дар бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол соҳиби медали биринҷӣ шудааст. Вай дар ҳайати тими яккачини Туркия дар бештар аз 100 бозӣ ширкат кардааст.

Шукюр дар айни замон дар ИМА зиндагонӣ мекунад ва давлати Ардуғон ӯро низ қатори ҳазорон турки дигар ба даст доштан ба табаддулоти гуленӣ муттаҳам кардааст. 

Маврид ба ёдоварист, ки то кунун ба иттиҳоми пуштибонӣ аз ғояҳои Фатҳулло Гулен бештар аз се ҳазор нафар боздошт шудаанд, ки 151 нафари онҳо генерал ва адмиралҳои артиш ҳастанд. Дар ин бора рӯзи ҷумъаи гузашта вазири мудофеаи Туркия Фикри Ишик хабар дод. 

Бино ба гуфтаи ӯ, дар айни замон 162 нафар хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла се тан аз сарварони дафотири намояндагии Туркия дар хориҷ дар ҳоли фирор қарор доранд.

Яке аз ин намояндагиҳои ҳарбӣ дар Боснӣ ва Ҳерзоговин аст ва дуи дигар дар Юнон мебошад. Вазири дифою мегӯяд, тибқи иттилоъи дақиқ онҳо дар айни замон ба Италиё фирор кардаанд. 

Ахиран Мавлуд Чавуш-уғлӣ, вазири умури хориҷии Туркия гуфта буд, ки бисёре аз дипломатҳои ин кишвар дар хориҷ аз тарси боздошт шуданд ба бозгашт истиҳола мекунанд.

Вазири умури хориҷӣ ҳамчунин гуфт, ки баъди табаддулоти нокоми ҳарбӣ Анқара 208 кадрҳои дипломатии худро аз кишварҳои хориҷ бозхонд кардааст. 32 нафари онҳо барнагаштанд ва чанд тан аз инҳо ҳоло дар ИМА ба сар мебаранд.  

Шояд шумо суол ё назаре доред?