Туркманистон: Бузургтарин чопхона дар минтақа ба истифода дода шуд

Дар Туркманистон бо маблағи 176 миллион доллар дар масоҳати 8 гектар чопхонаи бузургтарини минтақаро сохтаанд.

30-юми апрел бо ҳузури президенти ин кишвар Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ин чопхона дар шимоли Ашқобод ба истифода дода шуд.

Зарфияти иқтидори он танҳо барои чопи рӯзнома 64 ҳазор нусха дар як соат мебошад ва қарор аст тамоми нашрияҳои ҳукуматӣ, китобҳои дарсӣ, пажӯҳишӣ, бадеӣ ва илмӣ ба сурати ранга дар ин марказ чоп шаванд.

Президенти ин кишвар ба расонаҳо гуфтааст, ки ин маркази чоп ва интишороти ҷадид бо пешрафтатарин таҷҳизоти чопӣ ва мутобиқ бо стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шуда, яке аз нодиртарин чопхонаҳои минтақа аст. Илова бар таъмини ниёзҳои дохилӣ, фармоишҳои кишварҳои хориҷиро низ қабул хоҳад кард.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?