Туркманистон ҳам хизматрасониҳои ройгони комуналиро лағв мекунад

Шӯрои пиронсолони Турманистон пешниҳод кард, ки давлат хизматрасониҳои ройгони комуналӣ,об, газ ва пардохти болимити барқро барои омма қатъ кунад. 

Бино ба гузориши нашрияи “Хроника Туркменистана”, ҷаласи Шӯрои куҳансолони Туркманистон ҳафтаи гузашта дар Ишқобод доир шудааст ва онҳо хостори он шудаанд, ки акнун аз ин ба баъд давлат хозматрасониҳои ройгони комуналӣ, обу барқ ва газро лағв кунад. 

“Мо дар як даврони хубиву шодӣ ва пурсаодат зиндагонӣ мекунем. Сокинони кишвар ҳоло метавонанд бе ягон мушкилӣ барои газ, об ва барқ пул пардохт кунанд”,- иқтибос овардаанд хабаргузориҳо аз суханони Шӯрои куҳансолони туркман. 

Аз замони Сафармурод Ниёзов, райиси ҷумҳури пешини Туркманистон хизматрасониҳое аз қабили обу газ ва барқ барои сокинони ин кишвар ройгон буд. Барои ҳар нафар аз бошандаи туркман миқдори муайяни истифодаи обу барқу газ бепул буд ва танҳо истифодаи аз меъёр боло пардохт мешуд.  

Аммо ин аввалин бор аст, ки як Шӯрои обрӯманди машваратӣ маслиҳат медиҳад, ки ҳукумат хизматрасониҳои ройгони комуналиро лағв кунад

Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки дар ин ҷаласа ҳузур дошт, гуфт, ки ҳамаи пешниҳодҳои Шӯрои пиронсолон бо диққат омӯхта ва барои амалӣ сохтани онҳо табдирҳо андешида мешаванд. 

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

таин ки ин хам бо супориши худи гурбонгули шуда истодааст...инчохам сохтакори...ангур аз ангур ранг мегирад.хамсоя аз хамсоя..

Шояд шумо суол ё назаре доред?