Убайдуллоев: Тоҷикистон барои вусъати ҳамкориҳо бо ИМА ҳавасманд аст

Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Элизабет Инга Миллард бо хоҳиши ҷониби ИМА мулоқот кардаанд.

Бино ба иттилои масъулини Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, 7-уми апрел Раиси Маҷлси миллии Маҷлиси Олӣ сафири ИМА дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфтааст.

Убайдуллоев дар ин мулоқот аз раванди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноат карда,муносиботи Тоҷикистону ИМА-ро мувофиқ ба талаботи тарафҳо дар соҳаҳои мухталиф, алалхусус байнипарламентӣ арзёбӣ кардааст. Раиси палатаи болоии парламенти Тоҷикистон гуфтааст, ки Душанбе ба тавсеаи ҳамкориҳо бо соири кишварҳои олам, аз ҷумла ИМА ҳавасманд буда,  барои густариши он аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода мекунад.

Дар ин мулоқот инчунин, дар бораи вазъи Афғонистон суҳбат кардаанд, ки Убайдуллоев аз иқдомоти ИМА барои таъмини сулҳ дар Афғонистон ёд карда, субот дар ин кишварро барои тоҷикистон муҳимм арзёбӣ кардааст.

Элизабет Инга Миллард, сафири нави ИМА дар Тоҷикистон аз моҳи январи соли равон дар Душанбе фаъолият дорад. Рӯзи гузашта ӯ дар як нишасти матбуотӣ аз вазъи озодии баён дар Тоҷикистон аз нигарониҳои ИМА ҳарф зада буд.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?