Умаралӣ Қувватов аз ҳабс дар Туркия озод шудааст

Умаралӣ Қувватов, лидери созмони мухолифи ҳукумат - "Гуруҳи 24", ки дар Тоҷикистон экстреммистӣ эълон шуда буд, аз ҳабс дар Туркия озод шудааст. 

Пас аз ҳабси қариб думоҳа, Умаралӣ Қувватов, раҳбари боздоштшудаи "Гурӯҳи 24", созмони мухолифи ҳукумат, ки дар Тоҷикистон экстреммистӣ эълон шудааст,  ҳамроҳи се тан аз ҷонибдоронаш аз ҳабс дар Туркия озод шудааст.

Дар ин бора аввал ҳамсари Қувватов, бегоҳии рӯзи сешанбе - 3 феврал дар шабакаи иҷтимоӣ хабар дод.

Баъдтар дар суҳбати телефонӣ Умаралӣ Қувватов ин иттилоъро таъйид кард.

Вай гуфт, ки субҳи рӯзи 3 феврал пас аз ҳудуди 50 рӯзи боздошт озод шудааст ва мақомоти Туркия барои боздошташ аз онҳо узрхоҳӣ кардаанд.

"Тасмим гирифтем, ки Туркияро тарк кунем, вале ба кадом кишвар рафтанамонро бо мулоҳизоти амниятӣ ҳоло наметавонем бигӯем",-гуфт ӯ.

Умаралӣ Қувватов ҳамроҳи се тан аз ҷонибдоронаш - Ҳусейн Ашуров, Абдурашид Ҳомидов ва Суҳроб Тӯраев 19-уми декабри соли гузашта дар шаҳри Истанбули Туркия боздошт шуда буданд.

Дар пайи боздошти Қувватов ва ҳамроҳонаш мақомоти тоҷик хостори истирдоди ӯ ва ҳамроҳонаш ба Тоҷикистон шуда буданд. Вале гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар аз давлати Туркия хостанд, ки ӯ ва ҳамроҳонашрро ба Тоҷикистон истирдод накунад.

Умаралӣ Қувватов, ки аз тоҷирони наздик ба элитаи ҳукмрон маҳсуб мешуд, бино ба изҳороташ, дар пайи ихтилофҳо миёни ӯ ва наздикони Президент Эмомалӣ Раҳмон, тобистони соли 2012 Тоҷикистонро тарк кард. Дар Маскави Русия моҳи августи ҳамон сол "Гурӯҳи 24"-ро таъсис дод ва ба фаъолияти оппозитсионӣ даст зад.

Худро молики асосии “Фароз” – яке аз ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ кард, ки аз ҷониби наздикони раҳбари давлат ғасб шуд. Баъди ин Умаралӣ Қувватовро дар Тоҷикистон ба фасоди молӣ ва гаравгонгирӣ муттаҳам карданд.

Моҳи декабри соли 2012 ҳангоми сафар ба Имороти Муттаҳидаи Араб Қувватов дар шаҳри Дубай боздошт шуд.

Ҳарчанд давлати Тоҷикистон он замон ҳам дархости истирдоди ӯро кард, аммо суди Дубай ба ин дархост эътиное накард ва пас аз нӯҳ моҳи боздошт Умаралӣ Қуввтаов озод шуда буд.

Copyright © 2015 TojNews

Назарҳо

Туркия Руссия не.Шукри Худо...

Шояд шумо суол ё назаре доред?