Умеди Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири навтаин

Президент Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нав эътимоднома қабул намуд.

Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, сафирони навтаини Қазоқистон, Ҳиндустон, Ҷопон, , Шоҳигарии Таиланд, Ҷумҳурии Лаҳистон, Босния ва Гертсеговина, Ҷумҳурии Чили ва Австралия Питер таи як маросим эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш ба Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуданд.

Президенти Тоҷикистон изҳор дошт, ки аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёрӣ дар назди давлати тозабунёди мо вазифаи басо муҳими воридшавӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси субъекти мустақил ва баробарҳуқуқи низоми навини робитаҳои байналмилалӣ меистод ва хушбахтона тайи давраи соҳибистиқлолӣ мо бо доираи васеи аҳли олам ҳамкориҳои судманду баробарманфиати сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангиву гуманитариро ҳам дар сатҳи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ба роҳ монда, сафи ҳамёрони худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дучанд афзун гардонидем.    

Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди муносибатҳо ва робитаҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳиндустон, Ҷопон, Шоҳигарии Таиланд, Ҷумҳурии Лаҳистон, Босния ва Гертсеговина, Ҷумҳурии Чили ва Австралия андешаронӣ карда, изҳори умед намуд, ки сафирон бо Тоҷикистон шиносоии наздик пайдо карда, барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон бо баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашуда ҷаҳду талош мекунанд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?