Узбакистон боздоштро чун ҷазои ҷиноӣ барҳам медиҳад

Шавкат Мирзиёев, кафили райиси ҷумҳури Узбакистон ҷазои ҷиноӣ дар шакли боздошт аз 1-уми апрели соли 2017 барҳам дод.

Ин тасмими иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон рӯзи ҷумъа расонаӣ шуд.

Гуфта мешавад, ки тибқи Кодекси ҷиноии Узбакистон боздошт ин нигаҳдории афродест, ки судҳо барои содир намудани ҷиноят ба гунаҳгорон ҷоиз медонанд ва он ба муҳлатҳои то шаш моҳ амалӣ мешавад.

Боздошт замоне сурат мегирад, вақте маҳкумшавандаро намешавад бидуни он аз иртибот бо ҷомеа ҷудо кард.

Сар аз аввали моҳи апрели соли 2017 боздошт чун чораи ҷиноӣ барҳам дода мешавад ва ба ҷойи он чораҳои дигари алтернативӣ ҷорӣ мешавад. Ҳамчунин аз аввали моҳи апрели соли оянда муҳлати боздошти афроди гумонбар ба ин ё он ҷиноят аз 72 соат то 48 соат коҳиш дода мешавад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?