Ваҳдат: Маъракаи ба ҲХДТ шомил кардани муаллимон сар шуд

Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон ба аъзокунии дастаҷамъии кормандони муассисаҳои давлатӣ шуруъ кардааст.

Бино ба иттилои Агентии миллии иттилоотии "Ховар", дирӯз, 11-уми октябр бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Руқия Раҳматзода 36 нафар омӯзгорони Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат ба сафи аъзои ҲХДТ шомил гардида, соҳиби шаҳодатнома шудаанд.

Ин расонаи давлатӣ аз забони мудири кафедраи забонҳои Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат Шаҳноза Қодирова навиштааст: "ҳамон ҳизбе ба ҳадафҳои худ ноил мешавад, ки агар он воқеан ҳам амаликунандаи орзуву омоли халқи худ буда, барномаи амалаш ба корҳои созандагию рушди кишвар нигаронида шуда бошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки зодаи Истиқлолият аст, воқеан ҳам татбиқкунандаи ормонҳои халқи худ буданро тӯли 22 соли арзи вуҷудаш исбот сохт. Барномаи амали он тавъам бо барномаи ҳукумати ҷумҳурӣ буда, ҳадаф аз татбиқи он тараққиёти мамлакат, пешбурди тамоми соҳаҳо ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, таъмини сулҳу ваҳдати комил дар қаламрави мамлакат ва минтақа мебошад"

Дар асл дар Тоҷикистон, бино ба гуфтаи таҳлилгарон, институти ҳизби сиёсӣ ва ҳизбгарои миёни ҷомеааслан вуҷуд надорад.

Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, ки танҳо ба хотири вонамуд кардани бисёрҳизбӣ арзи вуҷуд доранд, ҳатто наметавонанд маблағи иҷораи бинои мақарашонро пардохт кунанд. Теъдоди аъзои аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон низ ба маротибаҳо барзиёд нишон дода мешавад. Инро ҳатто аз теъдоди хонандагон дар сомонаи аҳзоби сиёсӣ метавон пай бурд, ки муроҷиатномаи раҳбарони ҳизбе, ки гӯё даҳҳо ҳазор аъзо дорад, камтар аз 100 маротиба мутолиа мекунанд, - мегӯянд коршиносон.   

Назарҳо

Агар азои ҲХДТ нашаванд аз кор пешашон мекунанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?