Вакилон 16-уми ноябрро Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карданд

Вакилони парламент бо ворид кардани тағйирот ба қонуни идҳо 16-уми ноябрро Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карданд.

15-уми апрел вакилони парламент пешниҳоди ҳукумат дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонун ““Дар бораи рӯзҳои ид”-ро якдилона қабул карданд.

Вакилони парламент ангезаи шахспарастӣ доштани ин тасмимро рад кардаанд. Аз ҷумла Мавлуда Қаландарзода, вакили парламент зимни муаррифии ин тарҳ гуфтааст, ки "ин рӯз ба ҳеч ваҷҳ ба шахсият ишора надорад”.

Таҷлили ин рӯз аз ҷониби Ҳукумат пешниҳод шудааст. Қаблан, дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дода буд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз ҷониби Ҳукумат таҳия ва пешниҳод шудааст.

Хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон мегӯяд, “лоиҳаи Қонуни мазкур бо дарназардошти саҳми арзандаи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст”.

Ҳамин тавр тибқи тағйироти нав ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” илова ворид шуд, ки 16-уми ноябр ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамасола таҷлил мешавад.

Зимнан, Президент Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи ноябри соли 1992 раҳбари кишвар мебошад. Ӯ дар ҷаласаи 16-уми Шӯрои Олӣ, ки 16-уми нобяри соли 1992 дар қасри Арбоби Хуҷанд баргузор шуд, ибтидо дар раиси Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб шуда буд. Баъдан дар соли 1994 Президенти Тоҷикистон интихоб ва то кунун раиси ҷумҳури кишвар мебошад.

Интиҳои соли гузашта парламенти Тоҷикистон Қонун "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат"-ро қабул кард, ки Эмомалӣ Раҳмон расман мақоми Пешвои миллатро соҳиб шуд.

Моҳи майи соли равон дар кишвар барои ворид кардани тағйирот ба Сарқонун ҳамапурсӣ баргузор мешавад. Бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асоси кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳуқуқ пайдо мекунад, ки ҳамчун Пешвои миллат ба таври ҳамеша дар сари қудрат боқӣ бимонад.

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

истирохат хуб аст, агар мисли рузи истиклолият чашн гиран боз ба акиб бурдани чомеъ мегардад
да точикистон дигар проблема намондаст...сафи мо мухочирон ба 2 000 000 расид, фикри мора намекунен???

Шояд шумо суол ё назаре доред?