Варақаи ҳамапурсии 22-юми май як суол ва ду посух хоҳад дошт: “ҳа” ё “не”

Дар рӯзи ҳамапурсӣ барои ворид кардани тағйирот ба Сарқонуни кишвар интихобкунандагон ба як суол бо “ҳа” ё “не” посух хоҳанд дод.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 11-уми апрел ҷаласаи Комиссияи марказии раъйпурсӣ ва интихобот баргузор шудааст, ки “шакли бюллетени раъйпурсиро тасдиқ намудаанд”.

Тибқи хабари расмӣ, дар бюллетени овоздиҳӣ матни лоиҳаи Қарори ба раъйпурсӣ гузошта мешавад. Ва аз интихобкунандагон суол мешавад, ки “Оё Шумо тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунед?” Интихобкунанда, бояд “ҳа” ва “не” посух диҳад.

22-юми май дар Тоҷикистон барои ворид кардани тағйирот ба Сарқонун ҳамапурсӣ гузаронда мешавад. Тибқи тағйироти нав Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳуқуқ пайдо мекунад, ки баври ҳамеша раҳбари Тоҷикистон боқӣ бимонад. Инчунин, синни номзад ба мақоми президентӣ поин карда мешавад.

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Нееееее не не не не не не нет
Не,не,не,не,неееее.

Шояд шумо суол ё назаре доред?