Варзишгарони навраси тоҷик аз Бишкек бо 9 медал баргаштанд

Варзишгарони навраси тоҷик дар мусобиқаи дзюдои Бишкеки Қирғизистон сазовори се медали тилло, ду нуқра ва чаҳор биринҷӣ гардидаанд.

Бино ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, ин медалҳоро дзюдочиёни навраси тоҷик дар сеюмин мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Дордойи Бишкек ба даст овардаанд.

Мусобиқа се рӯз идома ёфтааст, ки дар он 161 варзишгар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ғолиб омадан дар 14 номгӯйи медалҳо вориди сабқатшудаанд.

Дзюдочиёни навраси Ӯзбекистон бо касби 12 медал: 6 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ мақоми аввал, мунтахаби Қирғизистон бо касби 30 медал: 5 тилло, 9 нуқра ва 16 биринҷӣ дар ҷои дуюм ва дастаи Тоҷикистон бо гирифтани  9 медал: 3 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ ҷой сеюмро соҳиб шудаанд.  Ҷои охирро наврасони Қазоқистон бо касби 9 медал: 2 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ аз худ карданд.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?