Варзишгарони тоҷик барои ширкат дар Олимпиада ба Бразилия мераванд

Ҳайати варзишии Тоҷикистон барои ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ субҳи 28-уми июл озими Бразилия мешаванд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 28-уми июл соати 05:05 ҳайати варзишии кишвар тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе-Истамбул-Сан-Паулу-Рио-де-Жанейро ба Бразилия сафар мекунад.

Маросими гусели варзишгарон соати 03:00 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баргузор мешавад. Қарор аст дар ин маросим масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпӣ, федератсияҳои миллии варзишӣ, собиқадорон ва ҳаводорони варзиш ширкат кунанд.

Ҳайати варзишии Тоҷикистон аз 23 нафар иборат аст, ки ҳафт нафари онҳо варзишгарон ва 16 нафари дигар мураббиёну роҳбарони бархе аз федератсияҳои миллии варзишӣ ва ашхоси расмӣ мебошанд. Варзишгарони тоҷик дар чор риштаи варзиш – бокс, варзиши сабук, дзюдо ва шиноварӣ рақобат хоҳанд кард.

Гурзандози машҳур Дилшод Назаров парчамбардори Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки 5 август дар варзишгоҳи "Маракана”-и Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор мешавад, интихоб шудааст. Олимпиадаи навбатӣ барои Дилшод Назаров чорумин ба шумор меравад.

Ба ҷуз гурзандоз Дилшод Назаров, паҳлавонони тоҷик Комроншоҳи Устопириён(вазни то 90 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (вазни +100 кг) дар риштаи дзюдо, муштзан Анвар Юнусов (вазни то 60 кг), шиноварон Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов (ҳарду дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод), даванда Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) дар Олимпиадаи Рио-2016 Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Рио-2016

6-16 август, бокс

Анвар ЮНУСОВ, дар вазни то 56 кг

 

10 август, дзюдо

Комроншоҳи УСТОПИРИЁН, дар вазни то 90 кг

 

12 август, дзюдо

Муҳаммадмурод АБДУРАҲМОНОВ, дар вазни +100 кг

 

11-12 август, шиноварӣ

Олим ҚУРБОНОВ, бо тарзи озодбамасофаи 50 метр миёни мардон

 

12-13 август, шиноварӣ

Анастасия ТЮРИНА, бо тарзи озод бамасофаи 50 метр миёни занон

 

15-17 август, варзиши сабук

Кристина ПРОНЖЕНКО, давидан ба масофаи 200 метр миёни занон

 

17, 19 август, гурзандозӣ

Дилшод НАЗАРОВ

20 август, маросими супурдани медалҳо ба ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқаи гурзандозӣбаргузор мешавад.

 

Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия аз 5-ум то 21-уми август баргузор мешаванд. Мусобиқот аз рӯи футбол, инчунин дар шаҳрҳои дигари ин кишвар – Белу-Оризонти, Бразилиа, Салвадор ва Сан-Паулу барпо мегардад.

 

 

Назарҳо

ба варзишгарон муваффакият, иншоаллох бо обрую сари баланд ва бо медалхо бармегарданд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?