Вазифаи нави Озода Раҳмон дар Маҷлиси миллӣ

Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент ва духтари Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Кумитаи Маҷлиси Миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб шуд.

15-уми июл дар Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии Парлумон Озода Раҳмон ба ин вазифа интихоб гардид.

Бино ба иттилои расмӣ, Озода Раҳмонро ба ин вазифа Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ пешниҳод кард.

Озода Раҳмон моҳи майи соли равон аз ҳавзаи рақами 4-и пойтахт ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси миллӣ интихоб шуда буд.

Қаблан аз ҳавзаи рақами 4-и пойтахт Бахтиёр Худоёрзода, раҳбари собиқи дастгоҳи президент вакили Маҷлиси миллӣ буд. Дар пайи таин шуданаш ба мақоми раиси КМИР Худоёрзода аз ҳаққи узвият дар Маҷлиси миллӣ маҳрум шуд.

Озода Раҳмон 37 сол дорад, аз 15-уми майи соли 2014 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мебошад. Қаблан, дар вазифаҳои сардори Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ (2007-2009) ва муовини вазири корҳои хориҷӣ (солҳои 2009-2014) кор кардааст. Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ буда, дорандаи рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухтор мебошад.

Дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, Донишгоҳҳои Ҷорҷтаун ва Мериленди ИМА (бахши забономӯзӣ) таҳсил кардааст. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?