Вазири давлатии Британия бо ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мулоқот мекунад

Вазири давлатии Британияи Кабир оид ба рушди байналмиллалӣ бо намояндагони расмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мулоқот мекунад.

Бино ба иттилои Сафорати Британия дар Тоҷикистон, Десмонд Свейн, вазири давлатии Бритониёи Кабир оид ба рушди байналмиллалӣ имрӯз, 15-уми феврал вориди Душанбе мешавад.

Худи Десмонд Свейн пеш дар бораи сафараш гуфтааст, “ман интизори мулоқотҳо бо намояндагони расмии Тоҷикистон, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрванди оиди натиҷаҳои хуби корӣ, ки дар рафти ҳамкори бо Бритониё дар соҳаҳои муҳим ба монанди рушди иқтисод ва идораи давлати ба даст оварда шудааст.”

 Дар Сафорати Британия дар Тоҷикистон мегӯянд, ташрифи вазир барои рушди робитаи дуҷонибаи Ҳукумати Тоҷикистон бо Бритониёи Кабир, махсусан оид ба дастгирии Британия ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, идоракунии давлати ва устувори нигаронида хоҳад шуд.”

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?