Вазири фарҳанги Афғонистон истеъфо дод

Вазири иттилоот ва фарҳанги Афғонистон Абдулборӣ Ҷаҳонӣ аз вазифааш истеъфо дод.

Вазири фарҳанг дар саҳифаи фейсбукии худ матни аризаи истеъфояшро, ки ахиран ба райиси ҷумҳур ироа кардааст, интишор додааст. Аммо мақомоти давлатии Афғонистон гуфтаанд, ки Абдулборӣ Ҷаҳонӣ ҳанӯз даҳ рӯз пеш арзиаи истеъфо навишта буд.

Дар матни ин ариза, ки ҳамакнун дар саҳифаи фейсбукии вазири фарҳанг вуҷуд дорад, сабаби канорагириашро вазъи саломатиаш унвон кардааст. Ҳамчунин навиштааст, ки аризаро ба дафтари Раёсати ҷумҳурӣ рӯзи шанбеи гузашта ирсол карда буд, вале то ҳол посухашро дарёфт накардааст.

“Ҳоло лизим надониста беш аз ин ба таъхир андозам”,- навиштаст ӯ.

Маврид ба ёдоварист, ки Абдулборӣ Ҷаҳонӣ дар Афғонистон чун шоир, нависанда ва таърихнигор шинохта мешавад ва мегӯянд сарояндаи суруди миллии ин кишвар низ маҳз ӯст. Вай моҳи апрели соли гузашта вазири иттилоот ва фарҳанги Афғонистон таъин шуда буд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?