ВИДЕО: Аз журналистони тоҷик дар нишасти САҲА танҳо Додоҷон Атовуллоев сухан кард

Додоҷон Атовуллоев, журналисти мухолифи ҳукумат ва раҳбари Конгресси Неруҳои созандаи Тоҷикистон дар суханронияш дар Нишасти солонаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон дар Варшава аз маҳдудиятҳо дар роҳи озодии баён дар кишвар изҳори назар кард. 

Атовуллоев, ягона журналисти тоҷик буд, ки дар нишаст суханронӣ кард.

Вай гуфт, агар 25 сол пеш дар кишварҳои пасошӯравӣ мегуфтанд, ки вақти демократия то ҳол нарасидааст, имрӯз баъди 25 сол мегӯянд, замони демократия гузашт.

Ӯ изҳор карда ки дар кишварҳои Осиёи марказӣ замони демократия гузаштааст. Дар ин кишварҳо агар имрӯз нашрия ё телевизионеро намебанданд, ба он хотир аст, ки дигар чизе барои бастан намондааст. 

Додоҷон Атовуллоев ҳамчунин изҳор кардааст, ки Радиои "Озодӣ"-и ИМА дар Тоҷикистон кор мекунад, аз ҳисоби андозсупорандагони амрикоӣ фаъолият дорад, аммо ба минбари ташвиқу тарғиби раҳбари ҳукумати Тоҷикистон табдил шудааст. 

НАВОРИ СУХАНРОНИИ ДОДОҶОН АТОВУЛЛОЕВ 23-ЮМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2016. ВАРШАВА, ЛАҲИСТОН. 

 

 

 

 

Назарҳо

Чаро танхо Атоуллоев Додочон баромад кардааст? У шахрванди Точикистон нест. Расман Аз Точикистон Хуршед Атлвуллоев Аз газетаи Фараж рафтааст ва чаро у баромад накардааст?
Сухан кард не, сузанронӣ кард. Шукурҷон ба боку меравад не, сафари шукурҷон ба боку. Се раҳбари толибон кушта шудан не, кушта шудани се раҳбари толибон. Дар титр нависӣ диққат кунед ҷураҷон! Хабар надеҳ дар титр нависит, балке якхел навис ки хонанда даруни ҳаму матлаб дроя. Хай якбор фикр кунед агарчӣ мора хато донед. Тпшакккур

Шояд шумо суол ё назаре доред?